+992 (48) 703 1313

Tj
Ru
/
Тањлили умумии хун
Тањли умумии (ё клиникии) хун – ин тадќиќи асосие, ки аз он ташхиси ќисми зиёди беморињои ба инсоният маълум шурўъ мешавад – аз инфексия то аллергия. Њангоми гузаронидани тањлил маводи биологї аз рўйи 21 нишондод тадќиќ карда мешавад: таљњизоти тањлилии муосири худкор миќдори њуљайрањои гуногуни хун ва таносуби фоизии онро њисоб менамояд, консентратсияи гемоглобинро, ки бо ёрии он њама узвњо ва бофтањо бо оксиген таъмин мешаванд, арзёбї менамояд, нишондодњои рангї ва баъзе нишондодњои дигарро чен мекунад.

Духтурон тавсия медињанд, ки тањлили хун мунтазам гузаронида шавад, њатто барои шахсони сињатманде, ки ба дармонгоњ кам мераванд ва ба назди духтурон тамоман намераванд: бештар нишондодњои хун то пайдо шудани нишонањои аввалини беморї дигаргун мешаванд, аз ин лињоз тадќиќи пешакї барои минбаъд дучори беморї нагаштан кўмак мерасонад.