+992 (48) 703 1313
Tj
Ru
/
Мубодилаи липидї
Беморињои дилу раг бештар сабаби фавтидани наздикони мо мешаванд: мувофиќи маълумоти Ташкилоти байналмилалии тандурустї, ин беморињо то њол ба марг оварда мерасонанд. Дар аксар ваќт ин беморињо бо вайрон гардидани мубодилаи липидњо (яъне чарбњо) алоќаманд њастанд: холестерин ва фраксияњои људогона, ки аз он иборат аст, дар хун љамъ шуда, барзиёдии холестерин дар деворчањои рагњо лахтаро пайдо мегадонад, ки онњо хунтаъминкунии узвњои њаётан муњимро бад мегардонанд. Агар атеросклероз аз эътибор дур гардад, он ба бемории ишемии дил, инфаркти миокард, инсулт ва марги ногањонї метавонад оварда расонад.

Вайрон гардидани мубодилаи липидї бештар ба зиёд гардидани вазни одам оварда мерасонад. Дар навбати худ, он метавонад сабаби инкишоф ёфтани диабети ќанд – вайрон гардидани мубодилаи моддањо гардад, ки дар ин њолат органзми инсон глюкозаро дуруст њал карда наметавонад. Гипергликемия, яъне баланшавии барзиёди сатњи глюкоза, метавонад ба системањои гуногуни организми инсон ва узвњо, бахусус ба торњои асаб ва рагњои хунгузар зарар расонад.

Таркиби комплекс:
1. Холестерин

2. Холестерин- (Литопротеидњои зичиашон баланд – ЛПЗБ)

3. Холестерин-ЛПНП (Литопротеидњои зичиашон паст – ЛПЗП)

4. Триглисеридњо

5. Глюкоза

6. Коэффициенти атерогенної