Чек-апҳо барои тамоми оила
Барои баҳодиҳӣ ба саломатии
ҳамаи аъзоҳо ва системаҳои организм
ҳамагӣ як таҳлил супоред

Барои онҳое, ки саломатиро бе сарф кардани вақт ба роҳ ба назди духтурон нигоҳ доштан ва мустаҳкам кардан мехоҳанд, коршиносони Гемотест чек-апҳо — таҳлилҳои маҷмуавиро коркард карданд, ки барои тафтиш кардани тамоми организм дар як маротиба имкон медиҳанд.

Бемориҳои зиёдро др оғо огоҳ ё ки табобат кардан нисбат ба оғоз додан ва мубориза бурдан бо оқибатҳо осонтар аст.

39, 63 ва 98 нишондиҳандаҳо барои тартиб додани харитаи батафсили саломатӣ ва коркарди стратегияи фардикардашудаи ғамхорӣ оиди он имкон медиҳанд.

Полный чек-ап 39: биохимия, гормоны, обмен веществ
Код 33.064.Вен. кровь (+10 с.)1 деньМожно дома

Расширенное комплексное исследование позволяет получить детальную информацию о состоянии сердечно-сосудистой и эндокринной системы, выявить заболевания печени и почек, проверить уровень кальция, обнаружить скрытое воспаление, анемию, сахарный диабет, сбои в работе щитовидной железы.

360 с.Скидка 31%
+36 бонусов
В корзину
Полный чек-ап 63: ОАМ, биохимия, гормоны, обмен веществ
Код 33.044.Взятие (2 вида, +10 с.)1 деньМожно дома

Комплексное исследование крови и мочи позволяет проверить здоровье, выявить заболевания, которые могут развиться в будущем или уже протекают без симптомов, оценить эффективность лечения.

380 с.Скидка 31%
+38 бонусов
В корзину

Чек-апҳои занона ва мардона барои тафтиш кардани биокимё, ҳормонҳо, мубодилаи моддаҳо ва ҳолати системаи ҷинсӣ имкон медиҳанд. Чек-апи кӯдакона барои назорат кардани рушди организми афзудаистода ва паси сар накардани бемориҳои ба синну соли ҷавон хос ёрӣ медиҳад.

Женский чек-ап: биохимия, инфекции, обмен веществ
Код 27.109.1.Вен. кровь (+10 с.)4 дняМожно дома
889 с.Скидка 15%
+89 бонусов
В корзину
Женский чек-ап: ИППП, микрофлора
Код 27.109.2.Соскоб (+10 с.)2 дняМожно дома
559 с.Скидка 20%
+56 бонусов
В корзину
Мужской чек-ап: биохимия, инфекции, обмен веществ
Код 27.110.1.Вен. кровь (+10 с.)4 дняМожно дома
889 с.Скидка 21%
+89 бонусов
В корзину
Мужской чек-ап: ИППП, микрофлора
Код 27.110.2.Моча2 дняМожно дома
559 с.Скидка 13%
+56 бонусов
В корзину
Детский чек-ап: биохимия, обмен веществ (расширенный)
Код 28.119.Вен. кровь (+10 с.)1 деньМожно дома

Расширенное исследование для детей и подростков позволяет выявить нарушения в работе организма до того, как появятся симптомы, и не допустить развития хронических заболеваний. В состав анализа входят показатели обмена веществ, маркеры состояния сердечно-сосудистой и иммунной системы, печени, почек, поджелудочной железы, костной ткани. Комплекс полезно сдавать ежегодно в рамках профилактического обследования ребёнка.

530 с.Скидка 6%
+53 бонуса
В корзину
Баъд аз анҷоми чек-апи дилхоҳ дар фармоиши оянда 10% таҳфиф мегиред!
Чек-ап 39
Скрининги пешгирикунандаи
системаҳои асосии организм

Маҷмуъа аз 39 таҳлил барои баҳодиҳӣ ба ҳолати дил ва рагҳо ва рагҳо, ҷигар ва гурдаҳо, ғадуди зери меъда, тафтиш кардани сатҳи калтсий ва витамини D, муайян кардани камхунӣ, диабет ва бемориҳои дигари музмин имкон медиҳад.

Таҳлили умумии хун

Таҳлили умумии хун бо формулаи лейкоситарӣ, СТЭ ва микроскопияи намуна ҳангоми тағйирёбиҳои патологӣ барои баҳодиҳӣ ба ҳолати умумии саломатӣ, муайян кардани ҷараёнҳои илтиҳобӣ, сироятҳо, камхунӣ ва бемориҳои дигар имкон медиҳад.

Дил ва рагҳо

Яке аз душманҳои асосии системаи дилу раг — атеросклероз, ки дар он девораҳои рагҳо чандириро гум карда, дар онҳо нончаҳои холестеринӣ афзоиш меёбанд. Таҳлил ба холестерн барои таҳти назорат гирифтани ин беморӣ ё ки баҳодиҳӣ ба хатари пайдошавии он ёрӣ медиҳад.

Ҷигар

Дар бораи ҳолати ҷигар ферментҳои АЛТ ва АСТ, инчунин сафедаи умумӣ ва пигменти зардобии билирубин нақл мекунанд: агар чизе бо он нодуруст бошад, сатҳи ин нишондиҳандаҳо то пайдо шудани аломатҳои аввалин тағйир меёбад.

Гурдаҳо

Барои баҳодиҳӣ ба ҳолати системаи ҷудокунӣ таҳлиҳои сатҳи туршии пешоб, карба ва креатинин ёрӣ медиҳанд — ин моддаҳоян, ки ҳамарӯза дар организм ҳосил шуда, бо пешоб мебароянд. Тағйирёбии сатҳи онҳо дар бораи вайроншавии кори гурдаҳо шаҳодат медиҳанд.

Ғадуди сипаршакл

Ғадуди сипаршакл мубодилаи моддаҳоро идора мекунад, ҳарорати бадан, тапиши дил ва ҷараёнҳои дигари физиологиро ба танзим медарорад. Барои баҳодиҳӣ ба кори он таҳлилҳо ба ҳормонҳои Т4-и озод ва ТТГ ёрӣ медиҳад.

Системаи лахтакунандаи хун

Кори нодурусти системаи лахтакунандаи хун боиси хунравии зиёдатӣ гашта ё ки баръакс ба тромбоз оварда расонида метавонад. Баҳодиҳии фаъолнокии протромбин (МНО + ПТВ + ПТИ) барои баҳодиҳӣ ба хатари ин вайроншавиҳо имкон медиҳад.

Устухонҳо ва дандонҳо

Саломатии дандонҳо, мустаҳкамии устухонҳо ва нохунҳо бевосита аз калтсий ва витамини D вобастагӣ доранд. Тафтиши мунтазами сатҳи ин минерал барои муайянкунии остеопороз, рахит ва бемориҳои дигари бофтаи устухон ёрӣ медиҳад.

Мубодилаи моддаҳо ва диабет

Диабети қанд — яке аз вайроншавиҳои паҳншудатарини мубодилаи моддаҳо. Ва яке аз ноаёнтаринҳо: аз рӯи омор, қариб нифси беморшудагон дар бораи ташхиси худ намедонанд. Таҳлил хун ба глюкоза барои муайян кардани он ёрӣ медиҳад.

Илтиҳоб

Маркери асосии ҷараёни илтиҳобӣ — сафедаи С-реактивӣ. Мойилии ин нишондиҳанда аз меъёр барои муайян кардани на танҳои илтиҳоби шадид, вале музмини аксаран тавассути солимии дандонҳо, мустаҳкамии устухонҳо ва ногунҳо ёрӣ медиҳад.

Камхунӣ

Хасташавии зуд, нафастангӣ ва сарчархиҳо аломатҳои камхунии норасоии оҳан буда метавонанд. Таҳлили хун ба оҳани зардобӣ барои муайян кардани ин муаммо имкон медиҳад.

Полный чек-ап 39: биохимия, гормоны, обмен веществ
Код 33.064.Вен. кровь (+10 с.)1 деньМожно дома

Расширенное комплексное исследование позволяет получить детальную информацию о состоянии сердечно-сосудистой и эндокринной системы, выявить заболевания печени и почек, проверить уровень кальция, обнаружить скрытое воспаление, анемию, сахарный диабет, сбои в работе щитовидной железы.

360 с.Скидка 31%
+36 бонусов
В корзину
Чек-ап 63
Тафтиши маҷмуавии саломатӣ, ки бо
таҳлили умумии хун пурра карда шудааст

«Чек-ап 63» версияи васеъкардашудаи «Чек-апа 39» мебошад ва барои на танҳо баҳодиҳии умумӣ ба саломатӣ, вале гузаронидани тафтиши амиқи системаи пешобқудокунӣ имкон медиҳад.

Таҳлили умумии пешоб

Таҳлил барои муайян кардани он ёрӣ медиҳад, ки аъзоҳои системаи пешобҷудокунӣ чанд қадар хуб кор мекунанд. Ба ғайр аз он, аз рӯи таҳшинии пешоб илтиҳоб, сироятҳо дар роҳи пешоб, инчунин вайроншавии тавозуни туршӣ-ишқориро гумонбар шудан мумкин аст.

Таҳлили умумии хун

Таҳлили умумии хун бо формулаи лейкоситарӣ, СТЭ ва микроскопияи намуна ҳангоми тағйирёбиҳои патологӣ барои баҳодиҳӣ ба ҳолати умумии саломатӣ, муайян кардани ҷараёнҳои илтиҳобӣ, сироятҳо, камхунӣ ва бемориҳои дигар имкон медиҳад.

Дил ва рагҳо

Яке аз душманҳои асосии системаи дилу раг — атеросклероз, ки дар он девораҳои рагҳо чандириро гум карда, дар онҳо нончаҳои холестеринӣ афзоиш меёбанд. Таҳлил ба холестерн барои таҳти назорат гирифтани ин беморӣ ё ки баҳодиҳӣ ба хатари пайдошавии он ёрӣ медиҳад.

Ҷигар

Дар бораи ҳолати ҷигар ферментҳои АЛТ ва АСТ, инчунин сафедаи умумӣ ва пигменти зардобии билирубин нақл мекунанд: агар чизе бо он нодуруст бошад, сатҳи ин нишондиҳандаҳо то пайдо шудани аломатҳои аввалин тағйир меёбад.

Гурдаҳо

Барои баҳодиҳӣ ба кори гурдаҳо таҳлили умумии пешоб, инчунин таҳлилҳо ба сафеда, туршии пешоб, карбамид ва креатинин ёрӣ медиҳад — ин моддаҳоянд, ки ҳамарӯза дар организм ҳосил шуда, бо пешоб бароварда мешаванд. Тағйирёбии сатҳи онҳо дар бораи вайроншавии кори гурдаҳо шаҳодат медиҳанд.

Ғадуди сипаршакл

Ғадуди сипаршакл мубодилаи моддаҳоро идора мекунад, ҳарорати бадан, тапиши дил ва ҷараёнҳои дигари физиологиро ба танзим медарорад. Барои баҳодиҳӣ ба кори он таҳлилҳо ба ҳормонҳои Т4-и озод ва ТТГ ёрӣ медиҳад.

Системаи лахтакунандаи хун

Кори нодурусти системаи лахтакунандаи хун боиси хунравии зиёдатӣ гашта ё ки баръакс ба тромбоз оварда расонида метавонад. Баҳодиҳии фаъолнокии протромбин (МНО + ПТВ + ПТИ) барои баҳодиҳӣ ба хатари ин вайроншавиҳо имкон медиҳад.

Устухонҳо ва дандонҳо

Саломатии дандонҳо, мустаҳкамии устухонҳо ва нохунҳо бевосита аз калтсий ва витамини D вобастагӣ доранд. Тафтиши мунтазами сатҳи ин минерал барои муайянкунии остеопороз, рахит ва бемориҳои дигари бофтаи устухон ёрӣ медиҳад.

Мубодилаи моддаҳо ва диабет

Диабети қанд — яке аз вайроншавиҳои паҳншудатарини мубодилаи моддаҳо. Ва яке аз ноаёнтаринҳо: аз рӯи омор, қариб нифси беморшудагон дар бораи ташхиси худ намедонанд. Таҳлили хун ба глюкоза барои муайян кардани ин беморӣ дар марҳилаи барвақт ёрӣ медиҳад. Дар бораи вайроншавиҳои мубодилаи карбогидратӣ инчунин тағйирёбии туршӣ ва зичии пешоб хабар дода метавонад.

Илтиҳоб

Маркери асосии ҷараёни илтиҳобӣ — сафедаи С-реактивӣ. Мойилии ин нишондиҳанда аз меъёр барои муайян кардани на танҳои илтиҳоби шадид, вале музмини аксаран бе аломат гузаранда ёрӣ медиҳад. Илтиҳоби системаи шошабарорро аз рӯи таҳлили пешоб гумонбар шудан мумкин аст.

Камхунӣ

Хасташавии зуд, нафастангӣ ва сарчархиҳо аломатҳои камхунии норасоии оҳан буда метавонанд. Таҳлили хун ба оҳани зардобӣ барои муайян кардани ин муаммо имкон медиҳад.

Полный чек-ап 63: ОАМ, биохимия, гормоны, обмен веществ
Код 33.044.Взятие (2 вида, +10 с.)1 деньМожно дома

Комплексное исследование крови и мочи позволяет проверить здоровье, выявить заболевания, которые могут развиться в будущем или уже протекают без симптомов, оценить эффективность лечения.

380 с.Скидка 31%
+38 бонусов
В корзину
Чек-апи пурра 98
Тафтиши умумии саломатӣ —
аз биокимё то генетика

Чек-ап 98 — ин маҷмуаи фароҳтарини таҳлилҳо аст, ки барои дар як маротиба тафтиш кардани системаи дилу раг ва пешоббарорӣ, аъзои ҳозима, баҳодиҳӣ ба мубодилаи моддаҳо, пасзаминаи гормоналӣ, тавозуни витаминӣ ва минералӣ, инчунин барои муайян кардани сирояҳои паҳншудатарин ва донистан оиди мойилии наслӣ ба фарбеҳшавӣ ва диабет имкон медиҳад.

Таҳлили умумии пешоб

Таҳлил барои муайян кардани он ёрӣ медиҳад, ки аъзоҳои системаи пешобҷудокунӣ чанд қадар хуб кор мекунанд. Ба ғайр аз он, аз рӯи таҳшинии пешоб илтиҳоб, сироятҳо дар роҳи пешоб, инчунин вайроншавии тавозуни туршӣ-ишқориро гумонбар шудан мумкин аст.

Таҳлили умумии хун

Таҳлили умумии хун бо формулаи лейкоситарӣ, СТЭ ва микроскопияи намуна ҳангоми тағйирёбиҳои патологӣ барои баҳодиҳӣ ба ҳолати умумии саломатӣ, муайян кардани ҷараёнҳои илтиҳобӣ, сироятҳо, камхунӣ ва бемориҳои дигар имкон медиҳад.

Дил ва рагҳо

Бо гузашти синну сол девораҳои рагҳо зуд-зуд чандириро гум карда, бо нончаҳои холестеринӣ банд мешаванд, ки ба дил фишурдани хун душвортар мегардад. Таҳлил маҷмувӣ ба холестерини умумӣ, "бад" ва хуб (ЛПВП, ЛПЗП, ЛПЗХП, липопротеин (а)) барои баҳоҳидӣ ба хатари атеросклероз ёрӣ медиҳад, таҳлил ба гомосистеин ҳолати рагҳоро нишон медиҳад, таҳлил ба креатинкиназа ва санҷиши баландҳассосӣ ба I барои донистан оиди саломатии мушаки асосии организм имкон медиҳад. Ба ғайр аз он, ба таркиб нишондиҳандаҳои асосии системаи лахтакунандаи хун ворид аст: МНО (+ ПТВ и ПТИ), АЧТВ, вақти тромбиновӣ, фибриноген.

Ҷигар

Барои ба таври маҷмуавӣ баҳод додан таҳлилҳо да ферментҳои АЛТ, АСТ, ЛДГ, гамма-ГТ ва фосфатазаи ишқорӣ, инчунин сафедаи умумӣ ва пигменти зардобӣ билирубин ёрӣ медиҳанд. Агар бо ҷигар чизе нодуруст бошад, сатҳи ин нишондиҳандаҳои биокимёвӣ то пайдо шудани аломатҳои аввалин тағйир меёбад.

Гурдаҳо

Барои баҳодиҳии маҷмуавии саломатии гурдаҳо таҳлили туршии пешоб, карбамид ва креатинин ёрӣ медиҳад — ин моддаҳоянд, ки ҳамарӯза дар организм ҳосил шуда, бо пешоб бароварда мешаванд. Маркери иловагии саломатии гурдаҳо — сафедаи систатин С ва хлоридҳо. Тағйирёбии ин нишондиҳандаҳо дар бораи вайроншавии кори системаи ҷудокунӣ шаҳодат медиҳанд.

Ғадуди сипаршакл

Ғадуди сипаршакл мубодилаи моддаҳоро идора мекунад, ҳарорати бадан, тапиши дил ва ҷараёнҳои дигари физиологиро ба танзим медарорад. Барои ба таври маҷмуавӣ баҳо додан ба ҳолати он таҳлил ба ҳормонҳои Т3 озод, Т4 озод, ТТГ ва паратҳормон, инчунин антителоҳои АТ-ТПО ва АТ-ТГ ёрӣ медиҳанд.

Системаи лахтакунандаи хун

Кори нодурусти системаи лахтакунандаи хун боиси хунравии зиёдатӣ гашта ё ки баръакс ба тромбоз оварда расонида метавонад. Баҳодиҳии маҷмуавии нишондиҳандаҳои системаи лахтакунандаи хун - МНО (+ ПТВ и ПТИ), АЧТВ, фибриноген ва вақти тромбиновӣ - барои баҳодиҳӣ ба хатари ин вайронкуниҳо имкон медиҳад.

Дандонҳо, устухонҳо ва буғумҳо

Саломатии дандонҳо, мустаҳкамии устухонҳо ва нохунҳо бевосита аз калтсий вобастагӣ доранд. Тафтиши сатҳи ин минерал барои муайянкунии остеопороз, рахит ва бемориҳои дигари бофтаи устухон ёрӣ медиҳад. Ҷараёнҳои илтиҳобӣ дар буғумҳоро санҷиш ба омили ревматоидӣ нишон медиҳад.

Ғадуди зери меъда

Ғадуди зери меъда ҷараёнҳои ҳозимаро идора мекунад. Барои тафтишкунии кори он таҳлил ба липаза ва амилазаи панкреатикӣ — ферментҳо, ки барои азхудшавии чарбуҳо ва карбогидратҳо ҷавобгӯянд, ёрӣ медиҳанд.

Мубодилаи моддаҳо ва диабет

Вазни зиёдатии бадан ва диабети қанд — патологияҳои паҳншудатарини мубодилаи моддаҳо. Барои муайянкунии ин бемориҳо дар марҳилаи барвақт (ва ҳатто гардонандашаванда) тадқиқоти маҷмуавии мубодилаи карбогидратии дарбаргирандаи таҳлилҳо ба гемоглобини глюкозашуда, С-пептид, индекси инсулинрезистентӣ имкон медиҳад.

Витаминҳо ва минералҳо

Витаминҳо ва минералҳо — моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли нодир, ки дар ҳамаи ҷараёнҳои физиологӣ иштирок мекунанд. Суперчекап таҳлилҳо ба ҳамаи муҳимтарини онҳоро дарбар мегирад: витаминҳои D, B6, В9, B12, минералҳои барои саломатӣ муфид — оҳан, рух, мис, хром, селен, молибден, кобалт, бор, манган, никел, калтсий, калий, магний, натрий, фосфор.

Стресс

Стресси шадид ва музмин ба дил ва ранҳо, системаи асаб ва аъзои ҳозима зарбаи пурқувваттарин мезананд, мубодилаи моддаҳоро вайрон карда, масуниятро бад мекунанд. Барои баҳодиҳӣ ба сатҳи стресс таҳлил ба ҳормонҳои кортизол, пролактин, ДГА-S ва АКТГ имкон медиҳанд.

Камхунӣ

Хасташавии зуд, нафастангӣ ва сарчархиҳо аломатҳои камхунии буда метавонанд, ки аз сабаби нораасоии оҳан ба миён омадааст. Маҷмуаи таҳлилҳол ба ферритин ва коэффисиенти ғановати трансферрин барои донистани сатҳи ҷорӣ ва «захираҳои» яке аз микроэлементҳои муҳимтарин имкон медиҳад.

Сироятҳо ва илтиҳобҳо

Маркери асосии ҷараёни илтиҳобӣ — сафедаи С-реактивӣ. Мойилии ин нишондиҳанда аз меъёр барои муайян кардани на танҳои илтиҳоби шадид, вале музмини аксаран бе аломат гузаранда ёрӣ медиҳад. Ҳамҷоя бо таҳлил ба антистрептолизин-О (АСЛО) суперчекап барои донистани он ёрӣ медиҳад, ки оё илтиҳоб аз сабаби сирояти стрептококкӣ аст ё не.

Масуният

Барои баҳодиҳӣ ба қувваҳои муҳофизатии организм таҳлил ба сафеддаҳои иммуноглобулинҳо имкон медиҳад, инҳо «агентҳои» системаи масунӣ мебошанд. Фарқият аз сатҳи онҳо барои гумонбарии носозиҳои масуният имкон медиҳанд.

Гурӯҳи хун ва резус-фактор

Иттилоот дар бораи гурӯҳи хун ва резус-фактор дар лаҳзаи дилхоҳ лозим шуданаш мумкин аст. Таҳлил барои занони ҳомиладор ва онҳое, ки барои обистан омодагӣ мебинад, аҳмияти хос дорад: он барои муайянкунии номувофиқии резусӣ барои пешгирии аксуламали масунии организм ба ҷанин - резус-конфлик имкон медиҳад.

Чек-апҳо барои тамоми оила
Тадқиқоти маҷмуавии саломатии мардона,
занона ва кӯдакон

Женские чек-апы

«Чек-апи занона: биокимё, сироятҳо, мубодилаи моддаҳо, онкомаркерҳо» аз таҳлилҳое иборат аст, ки баъд аз 20 солагӣ ҳамасола супоридан муфид аст: ин тафтиши нишондиҳандаҳои биокимёвии хун, нишондиҳандаҳои мубодилаи моддаҳо ва пасзаминаи ҳормоналӣ, скрининг ба сироятҳои паҳншудатарин, ҷустуҷӯи онкомаркерҳо.

Таҳлили умумии хун

Таҳлили васеъкардашудаи умумии хун бо формулаи лейкоситарӣ ва ретикулоситҳо барои баҳодиҳӣ ба ҳолати умумии саломатӣ, муайян кардани ҷараёнҳои илтиҳобӣ, сироятҳо, камхунӣ ва бемориҳои дигар имкон медиҳад.

Ҷигар

Барои ба таври маҷмуавӣ баҳод додан таҳлилҳо да ферментҳои АЛТ, АСТ, ЛДГ, гамма-ГТ, сафедаи умумӣ ва билирубини умумӣ ва бевосита ёрӣ медиҳанд. Агар бо филтри асосии организм чизе нодуруст бошад, сатҳи ин нишондиҳандаҳои биокимёвӣ то пайдо шудани аломатҳои аввалин тағйир меёбад.

Гурдаҳо

Аз кори гурдаҳо тозашавии саривақтии организм вобаста аст. Ҳолати онҳоро аз рӯи таҳлили хун ба электролитҳо, карбамид ва креатинин баҳо додан мумкин аст. Барои баҳодиҳӣ ба функсияи гурдаҳо таҳлил ба албумин ёрӣ медиҳад.

Дил ва рагҳо

Бо гузашти синну сол дар занон девораҳои рагҳо зуд-зуд чандириро гум карда, бо нончаҳои холестеринӣ банд мешаванд, ки ба дил фишурдани хун душвортар мегардад. Таҳлил маҷмувӣ ба холестерини умумӣ, "бад" ва хуб барои баҳоҳидӣ ба хатари атеросклероз ёрӣ медиҳад, таҳлил ба креатинкиназа барои донистан оиди саломатии мушаки дил имкон медиҳад.

Системаи лахтакунандаи хун

Баҳодиҳии маҷмуавии нишондиҳандаҳои системаи лахтакунандаи хун барои занон хусусан муҳим аст. Лахташавии паст боиси хунравӣ аз бинӣ, кабудиҳои зуд-зуд ва ҳайзбинии сероб, баландшуда ба варикоз ва тромбоз, дар ҳомиладорон бошад — боиси исқоти ҳамл буда метавонад.

Устухонҳо, дандонҳо, нохунҳо, мӯйҳо

Мустаҳкамии устухонҳо, саломатии дандонҳо, сифати нохунҳо ва мӯйҳо аксаран аз ҳамагӣ ду минералҳо: калтсий ва фосфор вобастаанд. Назорати ин микронутриентҳо барои нигоҳдории табассуми голливудӣ, мӯйҳои ва нохунҳои пурҳашамат, дар синну соли калон — пастшавии хатари шикастанҳо имкон медиҳад.

Сироятҳо

ВНМО, сифилис, гепатитҳои В ва С метавонанд солҳои дароз бе аломат, бо вайронкунии ҷигар, системаҳои таносул ва масуният гузаранд, ҳангоми ҳомиладорӣ — ба кӯдак гузашта метавонанд. Скрининги пешгирикунанда ба ин сироятро бояд ҳар як зан гузарад.

Ҳормонҳо

Вайроншавиҳои давраи ҳайзбинӣ, баландшавӣ ё ки пастшавии вазни бадан ва тағйироти дигар дар организми занона бо вайроншавии функсияҳои ғадуди сипаршакл вобаста буда метавонад. Барои баҳодиҳӣ ба кори он тадқиқоти хун ба ҳормонҳои Т4-и озод ва ТТГ ёрӣ медиҳад.

Скрининги барвақти саратон

Намудҳои зиёди саратонро дар марҳилаи аввалтарин, вақте ки онҳо табобат шуда метавонанд, имконпазир аст. Барои гумонбарӣ ба навпайдоиш таҳлили хун ба сафедаҳои махсус — онкомаркерҳо ёрӣ медиҳад.

Диабети қанд

Диабети қанд — яке аз вайроншавиҳои паҳншудатарини мубодилаи моддаҳо. Таҳлили хун ба глюкоза ва гемоглобини глюкозашуда барои муайян кардани ин беморӣ дар марҳилаи барвақт (баргарданда) ёрӣ медиҳад.

Камхунӣ

Бо камхунии аз сабаби норасоии оҳан ба миён омада, занони зиёд дучор мешаванд. Таҳлил ба оҳани зардобӣ барои донистани сатҳи ҷории ин минерали муҳимтарин имкон медиҳад.

Илтиҳоб

Маркери асосии ҷараёни илтиҳобӣ — сафедаи С-реактивӣ. Мойилии ин нишондиҳанда аз меъёр барои муайян кардани на танҳои илтиҳоби шадид, вале музмини аксаран бе аломат гузаранда ёрӣ медиҳад.

Женский чек-ап: биохимия, инфекции, обмен веществ
Код 27.109.1.Вен. кровь (+10 с.)4 дняМожно дома
889 с.Скидка 15%
+89 бонусов
В корзину

«Чек-апи занона: ББҶГ, микрофлора, ситологияи моеъгӣ» барои баҳодиҳӣ ба ҳолати микрофлораи занона ва муайянкардани бемориҳои зиёди гинекологӣ имкон медиҳад.

Женский чек-ап: ИППП, микрофлора
Код 27.109.2.Соскоб (+10 с.)2 дняМожно дома
559 с.Скидка 20%
+56 бонусов
В корзину

Чек-апҳои мардона

«Чек-апи мардона: биокимё, сироятҳо, мубодилаи моддаҳо, онкомаркерҳо» тафтиши ҷигар, гурдаҳо, дил ва рагҳо, мубодилаи моддаҳо, устухонҳо ва буғумҳо, инчунин скрининг ба сироятҳо ва онкомаркерҳоро дарбар мегирад.

Таҳлили умумии хун

Таҳлили васеъкардашудаи умумии хун бо формулаи лейкоситарӣ ва ретикулоситҳо барои баҳодиҳӣ ба ҳолати умумии саломатӣ, муайян кардани илтиҳобҳо, сироятҳо, камхунӣ ва бемориҳои дигар имкон медиҳад.

Ҷигар

Ҷигар — яке аз узвҳои нозуктарин аст. Дар бораи ҳолати он ферментҳои АЛТ ва АСТ, инчунин сафедаи умумӣ ва пигменти зардобии билирубин нақл мекунанд: сатҳи ин нишондиҳандаҳои биокимёвӣ то пайдо шудани аломатҳои аввалин тағйир меёбад.

Гурдаҳо

Аз кори гурдаҳо тозашавии саривақтии организм вобаста аст. Ҳолати онҳоро аз рӯи таҳлили хун ба электролитҳо, карбамид ва креатинин баҳо додан мумкин аст.

Дил ва рагҳо

Бемориҳои дилу раг — яке аз таҳдидҳои асосӣ ба саломатии мардона аст. Барои баҳодиҳӣ ба ҳолати рагҳо таҳлилҳо ба холестерини умумӣ, "бад" ва "хуб" ёрӣ медиҳанд, дар бораи зарарҳои мушаки дил таҳлил ба креатинкинаа нақл мекунад.

Устухонҳо ва буғумҳо

Саломатии устухонҳо аз калтсий ва фосфор вобастагӣ дорад. Таҳлил ба ин макроунсурҳо барои муайянкунии норасоии онҳо то пайдо шудани он бо аломатҳо — нозукии устухонҳо ва дард дар мушакҳо ёрӣ медиҳад.

Ғадуди сипаршакл

Ғадуди сипаршакл мубодилаи моддаҳоро ба танзим медарорад, ба кори дил таъсир мекунад, вазн ва сатҳи энергияро дар меъёр нигоҳ медорад. Барои баҳодиҳӣ ба ҳолати он ва муайян кардани вайроншавиҳо то ба миён омадани аломатҳои нохуш тадқиқот ба сатҳи ҳормонҳои Т4 ва ТТГ ёрӣ медиҳад.

Системаи лахтакунандаи хун

Таҳлили маҷмуавии нишондиҳандаҳои системаи лахтакунандаи хун дар чек-апи мардона таҳлилҳо ба фириноген ва фаъолнокии сафедаи протромбинро (МНО + ПТВ ва ПТИ) дарбар мегирад. Часпакии пастшудаи хун бо хунравиҳои дурудароз, хусусан дар вақти амалиётҳо ва ҷароҳатҳои кушода, баландшуда — ҳосилшавии суддаҳо зоҳир мегардад, ки ба сактаи дил ва сактаи майна оварда мерасонанд.

Диабети қанд

Диабети қанд — яке аз вайроншавиҳои паҳншудатарини мубодилаи моддаҳо. Таҳлили хун ба глюкоза ва гемоглобини глюкозашуда барои муайян кардани ин беморӣ дар марҳилаи барвақт (баргарданда) ёрӣ медиҳад .

Тестостерон

Тестостерон — ҳормони муҳимтарини мардона аст, ки барои шавқи ҷинсӣ, потенсия, баландшавии ҳаҷми мушакҳо, мустаҳкамшавии устухонҳо ҷавобгӯ буда, дар танзими мубодилаи моддаҳо иштирок мекунад. Назорати ин нишондиҳанда дар синну соли дилхоҳ муҳим аст.

Илтиҳоб

Маркери асосии ҷараёни илтиҳобӣ — сафедаи С-реактивӣ. Мойилии ин нишондиҳанда аз меъёр барои муайян кардани на танҳои илтиҳоби шадид, вале музмини аксаран бе аломат гузаранда ёрӣ медиҳад.

Камхунӣ

Хасташавии зуд, пастшавии қобилияти кор ва нафастангӣ аломатҳои камхунии норасоии оҳан буда метавонанд. Таҳлили хун ба оҳани зардобӣ барои муайян кардани ин муаммо имкон медиҳад.

Сироятҳо

ВНМО, гепатити С ва сифилис бо роҳи ҷинсӣ мегузаранд ва пинҳонӣ гузашта метавонанд, бо ин ба ҷигар, системаи таносул ва системаи масуният таъсири манфӣ мерасонанд. Скрининги пешгирикунанда ба ин сироятро бояд ҳар як мард гузарад.

Скрининги барвақти саратон

Намудҳои зиёди саратонро дар марҳилаи аввалтарин, вақте ки онҳо табобат шуда метавонанд, имконпазир аст. Барои гумонбарӣ ба навпайдоиш таҳлили хун ба сафедаҳои махсус — онкомаркерҳо ёрӣ медиҳад. Барои мардон таҳлил ба ПСА-и (антигени простатикии махсус) умумӣ ва озод аҳмияти махсус дорад — стандарти тиллоии ташхиси барвати саратони простата, ки ба ҳамаи мардони синну соли комил тавсия дода мешавад.

Мужской чек-ап: биохимия, инфекции, обмен веществ
Код 27.110.1.Вен. кровь (+10 с.)4 дняМожно дома
889 с.Скидка 21%
+89 бонусов
В корзину

«Чек-апи мардона: ББҶГ, микрофлора, онкомаркери пешобдон» барои баҳодиҳӣ ба ҳолати системаи таносул, муайян кардани бемориҳои сироятӣ-илтиҳобии тракти урогениталӣ дар мардон, инчунин барои баҳодиҳӣ ба хатари саратони пешобдон имкон медиҳад.

Таҳлили умумии пешоб

Таҳлил барои муайян кардани он ёрӣ медиҳад, ки аъзоҳои системаи пешобҷудокунӣ чанд қадар хуб кор мекунанд. Ба ғайр аз он, аз рӯи таҳшинии пешоб илтиҳоб, сироятҳо дар роҳи пешобро гумонбар шудан мумкин аст.

Сироятҳои вирусӣ ва бактериалӣ

Сироятҳои системаи таносул бе аломат гузашта метавонанд, бо зарар расонидан ба шошараҳа, ғадуди простата, пешобдон ва гурдаҳо, ба уретрит ва простатир оварда расонида метавонанд. Чек-ап таҳлилҳо ба ББҶГ-и паҳншудатарин, аз он ҷумла, хламидияҳо, герпес, сӯзокро дарбар мегирад.

Онкомаркери пешобдон

Таҳсилот дар пешоб қисмати сафедаи ситокератини 19-ро муайян мекунад, ки ба ҳосилшавии ҳабис ншон медиҳад.

Мужской чек-ап: ИППП, микрофлора
Код 27.110.2.Моча2 дняМожно дома
559 с.Скидка 13%
+56 бонусов
В корзину

Чек-апи кӯдакона

«Чек-апи кӯдакона: биокимё, ҳормонҳо, мубодилаи моддаҳо» аз спектри васеъи таҳлилҳо иборат аст, ки барои тафтиш кардани мубодилаи моддаҳо, нишондиҳандаҳои биокимёвии хун, сатҳи витаминҳо ва назорат кардани тағйироти пасзаминаи ҳормоналӣ дар синну соли наврасӣ имкон медиҳанд.

Таҳлили умумии хун

Таҳлили умумии хун бо формулаи лейкоситарӣ, СТЭ ва микроскопияи намуна ҳангоми тағйирёбиҳои патологӣ барои баҳодиҳӣ ба ҳолати умумии саломатӣ, муайян кардани ҷараёнҳои илтиҳобӣ, сироятҳо, камхунӣ ва бемориҳои дигар имкон медиҳад.

Ҳормонҳо

Таҳлилҳо ба ҳормонҳо барои баҳодиҳӣ ба кори ғадуди сипаршакл, аъзоҳои ҷинсӣ, ғадудҳои болои гурдаҳо ва ҳипофиз, инчунин назорат кардани рушди организми сабзидаистода имкон медиҳад. Айнан ҳормоҳо ба рушди устухонҳо ва мушакҳо, афзоиши аъзоҳои дохилӣ ва системаи асаб, вазнигӣ, сатҳи энергия ҷавоб медиҳанд.

Ҷигар

Дар бораи ҳолати ҷигари кӯдак таҳлил ба ферментҳои гаммпа-ГТ, АЛТ ва АСТ, инчунин сафедаи умумӣ ва пигменти зардобии билирубин нақл мекунанд: сатҳи ин нишондиҳандаҳои биокимёвӣ то пайдо шудани аломатҳои аввалин тағйир меёбад.

Дил

Бемориҳои дилу раг дар синну соли барвақттарин ба миён омада метавонанд. Дар минтақаи хатари махсус кӯдакон ва наврасон, ки дар оилаҳои онҳо ҳолатҳои сактаи дил ё ки сактаи майна буданд, қарор доранд. Барои тафтиши ҳолати рагҳо таҳлил ба холестерин имкон медиҳад.

Гурдаҳо

Барои баҳодиҳии маҷмуавии саломатии гурдаҳо таҳлили сафедаи умумӣ, карбамид ва креатинин ёрӣ медиҳад — ин моддаҳоянд, ки ҳамарӯза дар организм ҳосил шуда, бо пешоб бароварда мешаванд. Тағйирёбии ин нишондиҳандаҳо дар бораи вайроншавии кори системаи ҷудокунӣ шаҳодат медиҳанд.

Мубодилаи моддаҳо ва диабети қанд

Диабети қанд — яке аз вайроншавиҳои паҳншудатарини мубодилаи моддаҳо — ҳатто дар синну соли кӯдакона пайдо шуда, ба ҳолати ҳамаи аъзоҳо ва системаҳо таъсир карда метавонад. Таҳлили хун ба глюкоза ва гемоглобини глюкозашуда барои муайян кардани ин беморӣ дар марҳилаи барвақт (баргарданда) ёрӣ медиҳад .

Витамини D, калтсий, оҳан

Кӯдакон ба норасоии витаминҳо ва минералҳо нисбат ба калонсолон ҳассостаранд: ба организми сабзидаистода микро- ва макроэлементҳои фаъоли биологӣ ҳаётан муҳиманд. Чек-ап таҳлилҳо ба муҳимтарини онҳо витамини D, калтсий ва оҳанро дарбар мегирад.

Детский чек-ап: биохимия, обмен веществ (расширенный)
Код 28.119.Вен. кровь (+10 с.)1 деньМожно дома

Расширенное исследование для детей и подростков позволяет выявить нарушения в работе организма до того, как появятся симптомы, и не допустить развития хронических заболеваний. В состав анализа входят показатели обмена веществ, маркеры состояния сердечно-сосудистой и иммунной системы, печени, почек, поджелудочной железы, костной ткани. Комплекс полезно сдавать ежегодно в рамках профилактического обследования ребёнка.

530 с.Скидка 6%
+53 бонуса
В корзину
Саволҳои муҳим
Чек-ап чист?

Чек-ап (аз англ. check up — «тафтиш») — ин тадқиқоти пешгирикунандаи организм аст, ки таҳлилҳо барои тафтиши ҳамаи аъзоҳо ва системаҳои асосиро дарбар мегирад. Барои баҳодиҳӣ ба ҳолати саломатӣ ва пай бурдани носозиҳои имконпазир то зоҳир кардани онҳо бо аломатҳо аз чек-апҳо гузаштан муҳим аст.

Дар Гемотест аз кадом чек-апҳо гузаштан мумкин аст?

Экспертони Гемотест силсилаи чек-апҳоро барои тамоми оила коркард карданд. Чек-апҳо ба 39, 63, ва 100 нишондиҳандаҳо барои тартиб додани харитаи батафсили саломатӣ ва коркарди стратегияи фардикардашудаи ғамхорӣ оиди он имкон медиҳанд. Чек-апҳои занона ва мардона барои тафтиш кардани биокимё, ҳормонҳо, мубодилаи моддаҳо ва ҳолати системаи ҷинсӣ имкон медиҳанд. Чек-апи кӯдакона барои назорат кардани рушди организми афзудаистода ва паси сар накардани бемориҳои ба синну соли ҷавон хос ёрӣ медиҳад.

+992 48 703 13 13
Бесплатная горячая линия 24/7
В начало страницы