Системаи энокринӣ дар бадани одам ҳамаи ҷараёнҳоро идора мекунад. Ҳормонҳо мубодилаи моддаҳоро танзим мекунанд, ба қобилияти обистан, кайфият ва сифати хоб таъсир мекунад, ба рушд ва равнақи организм масъул мебошанд.
Вайроншавиҳои хатарнок дар кори системаи эндокринӣ, масалан, диабети қанд, аксаран бе нишона мегузаранд.
Таҳлилҳои лабораториявӣ барои баҳодиҳӣ ба тавозуни ҳормоналӣ ва оиди рушди бемориҳои давомдор огоҳ кардан имкон медиҳанд.
Комплекс помогает оценить работу щитовидной железы и выявить причины возможных нарушений.
Комплексное исследование основных гормонов эндокринной системы помогает определить риск развития сахарного диабета, заболеваний щитовидной железы и надпочечников, а также оценить состояние репродуктивной системы у мужчин и женщин.
Комплекс анализов для женщин, который помогает оценить состояние репродуктивной системы и выяснить причины бесплодия и нарушений менструального цикла, а также диагностировать другие заболевания, проверить работу гипофиза и надпочечников.
Комплекс анализов на гормоны во второй половине менструального цикла помогает оценить состояние половой системы, что важно при планировании и контроле беременности, а также определить причины нерегулярных менструаций и бесплодия.
Маҷмуаи оптималиро интихоб кунед
Экспертони Гемотест барои ҳолати ҳормоналӣ таҳлилҳои махсусро коркард карданд: маҷмуаҳои «Ҳормонҳо 4» барои назорати ғадуди сипаршакл ва сатҳи стресс, маҷмуаҳои мардона ва занона барои баҳодиҳӣ ба саломатии умумӣ ва қобилият ба обистан, «Ҳормонҳо 13» — чек-апи ҳаматарафаи системаи эндокринӣ, инчунин таҳлилҳо ба ҳормонҳо, ки аз онҳо саломатии устухон ва дандонҳо вобаста мебошанд.
Дар интихоби таҳлил ё ки фаҳмонидани натиҷаҳои он духтурони хадммоти онлайнии Гемотест Телемед ёрӣ дода метавонад. Аз хона набаромада, бо духтур маслиҳат кунед!
плюс баҳодиҳӣ ба сатҳи стресс
Маҷмуаи «Ҳормонҳо 4» — тадқиқоти асосии ғадуди сипаршакл, ки бо таҳлил дар сатҳи кортизол пурра карда шудааст.
Ҳормони тиреотропӣ (ТТГ) — ҳормони ҳипофиз аст, ки коркарди ҳормонҳои ғадуди сипаршаклро ба танзим медарорад. Таҳлил ба ТТГ барои баҳодиҳӣ ба ҳолати ғадуди сипаршакл ва назорат кардани табобати бемориҳои он ёрӣ медиҳад.
Трийодтиронин (Т3) — яке аз ҳормонҳои ғадуди сипарҳакл аст. Таҳлил ба Т3-и озод сатҳи фраксияи ба таври биологӣ фаъоли ин ҳормон дар хунро нишон медиҳад. Он барои муайянкунии бемории ғадуди сипаршаклро дар марҳилаи аввал ва баҳодиҳӣ ба самаранокии табобати он ёрӣ медиҳад.
Тироксин (Т4) — яке аз ҳормонҳои ғадуди сипарҳакл аст. Таҳлил ба Т4-и озод сатҳи фраксияи ба таври биологӣ фаъоли ин ҳормон дар хунро нишон медиҳад ва барои назорати бемориҳои ғадуди сипаршакл ва ташхиси сабабҳои безурриётии занона истифода мешавад.
Кортизол — ҳормонест, ки аксуламали организмро ба стресс ба танзим медарорад. Таҳлил ба кортизолро барои тафтиши ҳипофиз ва ғадудҳои болои гурда, инчунин ҳангоми ташхиси стресси давомдор ва бемориҳои эндокринологӣ истифода мебаранд.
Комплекс помогает оценить работу щитовидной железы и выявить причины возможных нарушений.
мубодилаи моддаҳо, саломатии мардона ва занона
Маҷмуаи «Ҳормонҳо 13» — тафтиши ҳаматарафаи системаи эндокринӣ: мониторинги кори ғадудҳои сипаршакл ва зери меъда, ҳипофизи ғадудҳои болои гурда ва аъзоҳои системаи ҷинсӣ.
Ҳормони тиреотропӣ (ТТГ) — ҳормони ҳипофиз аст, ки коркарди ҳормонҳои ғадуди сипаршакл: тироксин ва трийодтиронинро ба танзим медарорад. Таҳлил ба ТТГ барои тафтиши кори ғадуд ва муайян кардани вайроншавиҳо дар марҳилаи аввал ёрӣ медиҳад.
Трийодтиронин (Т3) — яке аз ҳормонҳои ғадуди сипарҳакл аст. Таҳлил ба Т3-и озод сатҳи фраксияи ба таври биологӣ фаъоли ин ҳормон дар хунро нишон медиҳад ва барои баҳодиҳӣ ба ҳолати ғадуди сипаршакл татбиқ карда мешавад.
Тироксин (Т4) — ҳормони ғадуди сипаршакл, ки бо ёрии он кори организмро ба танзим медарорад. Таҳлил таркиби шакли ба таври биологӣ фаъоли ин ҳормон дар хунро инъикос карда, барои тафтиш кардани ҳолати ғадуд имкон медиҳад.
Кортизол — ҳормонест, ки барои аксуламали организмро ба стресс масъул аст. Таҳлил ба кортизолро барои тафтиши ҳолати ҳипофиз ва ғадудҳои болои гурда, инчунин ҳангоми ташхиси стресси давомдор ва бемориҳои эндокринологӣ истифода мебаранд.
Ҳормони лютеинкунанда (ЛГ) — ҳормонест, ки ба рушди ҷинсӣ таъсир карда, кори аъзоҳои системаи ҷинсии мардон ва занонро ба тартиб медарорад. Таҳлил барои тафтиши қобилият ба обистан, инчунин ҳангоми ташхиси бемориҳои ҳипофиз татбиқ карда мешавад.
Ҳормони стимулятсиякунандаи фолликулаҳо (ФСГ) — ҳормонест, ки давраи ҳайзбинӣ ва ҳосилкунии тухмҳуҷайраҳо дар занонро ба танзим медарорад. Дар мардон барои пухта расидани сперматозоидҳо масъул аст. Таҳлил барои баҳодиҳӣ ба тавлиди кӯдак, инчунин тафтиши кори ҳипофиз ва гипоталамус истифода мешавад.
Пролактин — ҳормони ҳипофиз аст, ки коркарди ҳормонҳои ҷинсии мардон ва занонро танзим карда, дар вақти ҳомиладорӣ ғадудҳои шириро ба лактатсия омода мекунад. Таҳлил барои ёфтани сабабҳои вайроншавии давраи ҳайбинӣ ва дисфунксияи эректилӣ имкон медиҳад.
Тестостерон — ҳормони асосии ҷинсии мардона аст, ки кори системаи ҷинсиро ба танзим медарорад. Дар миқдори ночиз тестостерон инчунин дар занон коркард мешавад. Таҳлилро барои ташхиси сабабҳои безурётӣ, пастшавии шавқмандии ҷинсӣ, бемориҳои системаи эндокринӣ истифода мебаранд.
Эстрадиол — яке аз ҳормонҳои асосии занона аст, ки барои тавлиди кӯдак масъул мебошад. Дар миқдори ночиз эстрадиол инчунин дар мардон коркард мешавад. Таҳлил барои баҳодиҳӣ ба қобилияти обистан, муайян кардани сабаби вайроншавии давраи ҳайзбинӣ, муайянкунии бемориҳои системаи эндокринӣ имкон медиҳад.
Дегидроэпиандростеронсулфат (ДГА-S) — ин ҳормони ғадудҳои болои гурда, пешгузаштаи ҳормонҳои ҷинсии занона ва мардона аст. Таҳлил ба ДГА-S барои баҳодиҳӣ ба кори ғадудҳои болои гурда ва муайянкунии вайроншавиҳои давраи ҳайзбинӣ имкон медиҳад.
ГСПГ — сафедаи муҳим аст, ки фаъолнокии тестостерон ва эстрогенҳоро, бештар дар мардон, ба танзим медарорад. Таҳлил барои муайян кардани сабаби пастшавии шавқмандии ҷинсӣ, баҳодиҳӣ ба қобилияти тавлиди кӯдак, ташхиси спектри васеъи вайроншавиҳои ҳормоналӣ ёрӣ медиҳад.
Инсулин — ин ҳормони ғадуди зери меъда аст, ки ба глюкоза барои ворид шудан аз ғизо ба ҳуҷайрон барои ба энергия табдил ёфтан ёрӣ медиҳад. Таҳлил барои баҳодиҳӣ ба мубодилаи углеводӣ, муайян кардани аломатҳои диабети қанд имкон медиҳад.
С-пептид — сафеда аст, ки ҳангоми коркарди инсулин ҳосил мешавад. Аз рӯи миқдори ӯ дар хун фаҳмидан мумкин аст, ки ғадуди зери меъда чанд қадар инсулинро коркард кардааст. Таҳлил барои ташхиси диабети қанд ва вайроншавиҳои дигари мубодилаи моддаҳо татбиқ карда мешавад.
Комплексное исследование основных гормонов эндокринной системы помогает определить риск развития сахарного диабета, заболеваний щитовидной железы и надпочечников, а также оценить состояние репродуктивной системы у мужчин и женщин.
занона ва мардонад
Чек-апҳо барои занон
Маҷмуаи «Ҳормонҳои занона ба 2−3 рӯзи давра» барои баҳодиҳӣ ба кори системаи ҷинсӣ дар оғози давраи ҳайзбинӣ, муайян кардани сабаби ҳайзбиниҳои номунтазам ва тафтиши қобилият ба обистан имкон медиҳад.
Ҳормони тиреотропӣ (ТТГ) — ҳормони ҳипофиз аст, ки кори ғадуди сипаршаклро ба танзим медарорад. Таҳлил ба ТТГ барои муайян кардани сабаби ҳайзбиниҳои номунтазам ва тафтиш кардани қобилияти зан ба обистан ва тавлиди кӯдак имкон медиҳад.
Тироксин (Т4) — ҳормони фаъоли ғадуди сипаршакл, ки бо ёрии он кори организмро ба танзим медарорад. Таҳлил ба тироксини озод барои фаҳмидани сабаби вайроншавии давраи ҳайзбинӣ ва душвориҳо ҳангоми обистан ёрӣ медиҳад.
Ҳормони лютеинкунанда (ЛГ) — ҳормони ҳипофиз мебошад, ки коркарди экстрогенҳоро таҳвият бахшида, барои рушди тухмдонҳо ва овулятсия масъул аст. Таҳлил барои тафтишкунии қобилияти занон ба обистан, инчунин фаҳмидани сабаби вайроншавии давраи ҳайзбинӣ ёрӣ медиҳад.
Ҳормони стимулятсиякунандаи фолликулаҳо (ФСГ) — ҳормони ҳипофиз аст, ки давраи ҳайзбинӣ ва ҳосилкунии тухмҳуҷайраҳоро ба танзим медарорад. Таҳлил барои муайянкунии сабаби бепуштӣ, ҳайзбинии номунтазам, пайгирии оғози менопауза имкон медиҳад.
Пролактин — ҳормони ҳипофиз аст, ки дар ҳомиладорон ғадудҳои шириро ба лактатсия омода карда, ҳосилшавии ҳормонҳои ҷинсии занонаи масъул барои нигоҳдории ҳомиладорӣ ва рушди ҷанинро танзим мекунад. Таҳлил дар ташхиси сабабҳои безурётӣ ва вайроншавии давраи ҳайзбинӣ истифода мешавад.
Тестостерон — ин ҳормони ҷинсии бештар мардона уда, дар миқдори камтарин дар занон коркард мегардад ва дар давраи ҳайзбинӣ баланд мешавад. Таҳлил барои ташхиси сабабҳои ҳайзбинии номунтазам татбиқ карда мешавад.
Эстрадиол — ҳормони ҷинсии занона аст, ки дар тухмдонҳо ҳосил мешавад. Он ба балоғати тухмдонҳо, ба миён омадани овулятсия ва омодакунии системаи репродуктивӣ ба ҳомиладорӣ ҷавобгӯ аст. Таҳлил барои баҳодиҳӣ ба қобилияти обистан, муайян кардани вайроншавиҳои ҳормоналӣ имкон медиҳад.
Дегидроэпиандростеронсулфат (ДГА-S) — ин ҳормони ғадудҳои болои гурда, пешгузаштаи ҳормонҳои ҷинсӣ аст. Таҳлил ба ДГА-S барои баҳодиҳӣ ба кори ғадудҳои болои гурда ва муайянкунии вайроншавиҳои давраи ҳайзбинӣ имкон медиҳад.
ГСПГ — ин сафеда аст, ки фаъолнокии ҳормонҳои ҷинсиро танзим мекунад. Таҳлил барои муайян кардани сабаби пастшавии шавқмандии ҷинсӣ, баҳодиҳӣ ба қобилияти обистан, ташхиси вайроншавиҳои сершуморӣ ҳормоналӣ.
Комплекс анализов для женщин, который помогает оценить состояние репродуктивной системы и выяснить причины бесплодия и нарушений менструального цикла, а также диагностировать другие заболевания, проверить работу гипофиза и надпочечников.
Маҷмуаи «Ҳормонҳои занона ба 21−23 рӯзи давра» барои баҳодиҳӣ ба кори системаи ҷинсӣ дар давраи дуюми давраи ҳайзбинӣ — баъд аз овулятсия имкон медиҳад. Дар доираи тадқиқоти пешгирикунанда ё ки ҳангоми ҳайзбиниҳои номунтазам ва бенаслӣ таъин карда шуданаш мумкин аст.
Пролактин — ҳормони ҳипофиз аст, ки дар ҳомиладорон ғадудҳои шириро ба лактатсия омода карда, ҳосилшавии ҳормонҳои ҷинсии занонаи масъул барои нигоҳдории ҳомиладорӣ ва рушди ҷанинро танзим мекунад. Таҳлил дар ташхиси сабабҳои безурётӣ ва вайроншавии давраи ҳайзбинӣ истифода мешавад.
Прогестерон — ҳормони ҷинсии занон аст, ки имконияти ба миён омадани ҳомиладориро таъмин карда, гузариши меъёрии онро дастгирӣ мекунад. Таҳлил барои ташхиси вайроншавии давраи ҳайзбинӣ татбиқ карда мешавад.
Эстрадиол — ҳормони ҷинсии занона аст, ки дар тухмдонҳо ҳосил мешавад. Он ба балоғати тухмдонҳо, ба миён омадани овулятсия ва омодакунии системаи репродуктивӣ ба ҳомиладорӣ ҷавобгӯ аст. Таҳлил барои баҳодиҳӣ ба қобилияти обистан, муайян кардани вайроншавиҳои ҳормоналӣ имкон медиҳад.
Комплекс анализов на гормоны во второй половине менструального цикла помогает оценить состояние половой системы, что важно при планировании и контроле беременности, а также определить причины нерегулярных менструаций и бесплодия.
Чек-ап барои мардон
Маҷмуаи «Ҳормонҳои мардона» барои муайян кардани сатҳи ҳормонҳои асосии ҷинсии мардона, барои баҳодиҳӣ ба ҳолати ҳормоналӣ, муайян кардани сабаби бепуштӣ ва дисфунксияи эректилӣ имкон медиҳад.
Тестостерон — ҳормони ҷинсӣ аст, ки барои шавқмандии ҷинсӣ, потенсия ва пухта расидани сперматозоидҳо масъул аст. Таҳлил сатҳи умумии тестостерон дар хунро инъикос карда, барои ташхиси сабабҳои безурётӣ, пастшавии шавқмандии ҷинсӣ, бемориҳои системаи эндокринӣ истифода бурда мешавад.
Таҳлил сатҳи шакли ба таври биологӣ фаъоли ҳормони ҷинсии мардонаи асосӣ дар хунро нишон дода, барои муайян кардани сабаби инпинат ва бепуштӣ имкон медиҳад.
ГСПГ — ин сафеда аст, ки фаъолнокии ҳормонҳои ҷинсӣ, хусусан тестостеронро танзим мекунад. Таҳлил барои муайян кардани сабаби баъзе аз вайроншавиҳои ҳормоналӣ, пастшавии либидо ва қобилият ба обистан ёрӣ медиҳад.
Муносибати тестостерони умумӣ ва сафедаи глобулини пайвасткунандаи ҳормонҳои ҷинсӣ миқдори саҳеҳи тестостерон дар хунро инъикос карда, барои баҳодиҳӣ ба кори системаи репродуктивӣ, муайян кардани вайроншавии ҳормоналӣ имкон медиҳад.
Илова карданро тавсия медиҳем
Барои тадқиқоти амиқи системаи эндокринӣ баҳодиҳӣ ба сатҳи лептина — ҳормоне, ки мубодилаи чарбуҳоро танзим мекунад, инчунин паратҳормон, ки барои мубодилаи калтсий ва фосфор ҷавобгӯ аст, муфид мебоша.
Лептин — гормон, регулирующий жировой обмен в организме. Определение уровня лептина позволяет оценить тяжесть метаболических и эндокринных нарушений, связанных с сахарным диабетом 2-го типа и ожирением.
Исследование показывает уровень паратиреоидного гормона (ПТГ) в сыворотке крови. Позволяет оценить фосфорно-кальциевый обмен, выявить патологии в работе паращитовидных желёз и проконтролировать эффективность терапии. Также анализ могут назначать при хронической почечной недостаточности.
Анализ не рекомендуется сдавать детям младше 2 лет, так как референсные интервалы для этого возраста не определены.
Ба занон ҳангоми вайроншавиҳои давраи ҳайзбинӣ ё ки ҳангоми омодагӣ ба ҳомиладорӣ тафтиш кардани ҳормонҳои системаи ҷинсии занона 17-ОН-АМГ-прогестерон ва антимиюллерҳои ҳормонҳо (АМГ), ки аз рӯи сатҳи он ба захираи тухмҳуҷайраҳо (захираи овариалӣ) тавсия дода мешавад.
Исследование позволяет оценить концентрацию гормона, который участвует в синтезе кортизола и тестостерона. Используется для дифференциальной диагностики некоторых аутоиммунных заболеваний, генетических патологий и дисфункции коры надпочечников. Может применяться в диагностике патологий репродуктивной системы.
Исследование позволяет оценить уровень ингибина B — белка, который регулирует работу репродуктивной системы. Используется для оценки репродуктивного здоровья у мужчин и женщин, а также в диагностике некоторых новообразований яичников.
Ҳамаи барномаҳои «Страна Гемотест»
«Страна Гемотест» барои тафтиши системаҳои алоҳидаи организм якчанд барномаҳоро дарбар мегирад. Барои умуман ба саломатӣ баҳо додан чек-апҳои Х6 ёрӣ медиҳанд
«Чек-апи асосии Х6» — ин маҷмуаест, ки ҳамаи нишондиҳандаҳо аз чек- апҳои асосиро ҳамҷоя мекунад, «Чек-ап Pro Х6» — бошад — ҳамаи нишондиҳандаҳоро аз чек-апҳои Pro-и шаш барномаҳои асосии «Страна Гемотест».
Ҳормонҳо — ин моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол буда, ҳамаи ҷараёнҳоро дар организм ба танзим медароранд. Онҳо барои ҳиссиёт ва сифати хоб, мубодилаи моддаҳо ва иштиҳо, инчунин рушд, равнақ, қобилияти ҳомиладорӣ ва таваллудкунии кӯдак ва функсияҳои дигари зиёд масъуланд.
Системаи эндокринӣ — ин маҷмуаи аъзоҳо мебошад, ки моддаҳоеро ҳосил ва ҷудо мекунанд, ки ҳормонҳо ном доранд. Ҳормонҳо барои ҳолати одам (ҳарорати бадан, фишори артериалӣ, сатҳи энергия) ҷавоб буда, барои танзими ҷараёнҳои гуногуни физиологӣ дар оргазинм, аз он ҷумла, мубодилаи моддаҳо, функсияҳои репродуктивӣ, қобилият ба омӯзиш хизмат мекунанд. Аъзоҳои системаи эндокринӣ дар худ ҳипофиз, ғадуди сипаршакл, ғадудҳои болои гурда, тухмдонҳо ва хояҳо, инчунин ғадудҳои зиёди сершуморро дарбар мегиранд. Ҳормонҳо дар организми одам чӣ нақш мебозанд? Ҳормонҳо ҳамаи ҷараёнҳоро дар организм танзим мекунанд — аз суръати тақсимшавии ҳуҷайраҳо ва ҳарорати бадан то қобилияти обистан ва таваллуд кардани кӯдак. Онҳо барои ҳиссиёт ва сифати хоб, мубодилаи моддаҳо ва иштиҳо, инчунин рушд, равнақ, функсияҳои когнитивӣ ва кайфият таъсир мекунанд.
Вайроншавии ҳормоналӣ — аломатест, ки ҳам аз сабаби тарс, ҳам аз сабаби бемориҳои гуногун ба миён омада метавонад. Пеш аз табобати нотавозунии ҳормонҳо, аввал бояд сабаби он муайян карда шавад. Бо ташхиси сабабҳои вайроншавии ҳормоналии занонро духтур-гинеколог машғул аст, агар вайроншавиҳо бо вайронавии давраи ҳайзбинӣ ё ки бепуштӣ алоқаманд бошанд. Агар сабабҳои асосии вайроншавӣ — зиёдшавӣ ва камшавии ногаҳонии вазн, сабзиши аномалии мӯйҳо дар рӯй ва бадан, тағйирёбии тембри овоз ва пигментатсия дар пӯст бошад, вале давраи ҳайзбинӣ тағйир наёбад, инчунин машварати духтури эндокринолог тавсия дода мешавад.