Скрининги гипофосфатаза
Барномаи ройгони ташхиси барвақти бемории ирсӣ, ки аз сабаби мутатсияи гени ALPL, дар беморони хурдтар аз 18 сола ба миён омадааст

Гипофосфатазия — камёфти ирсӣ

Гипофосфатазия (ГФФ) — бемории афзоишёбандаи метаболикии ирсии бо сабаби норасоии фосфатазаи ишқории махсуси бофтагӣ дар натиҷаи мутатсияи гени ALPL1 ба миён омада мебошад.

Сатҳи пасти фосфатазаи ишқорӣ ва деминерализатсияи бофтаи устухонӣ ба зарарбинии устухонҳо ва дандонҳо, инчунин ба вайроншавии кори аъзоҳои дигар низ оварда мерасонанд.

Беморӣ дар навзодон, кӯдакони хурд, наврасон ва ҳатто дар калонсолон низ зоҳир гардида метавонад. Синну соли оғозиро вазнинии беморӣ муайян мекунад — камтар аз 50% навзодо бо гипофосфатазия то як сол умр мебинанд. Дар кӯдакони синну соли калонтар ва наврасон таъхири афзоиш ва рушд, деформатсияҳо ва дардҳои устухонӣ ба миён меояд, фаъолнокии ҳамарӯза паст мешавад. Дар калонсолон гипофосфатазия дар шикастҳои сершумори суст сиҳатшаванда зоҳир мегардад.

Ташхиси ройгони гипофосфатаҳия барои мизоҷони шумо

Озмоишгоҳи Гемотест ҳамҷоя бо МДБФ «Маркази тиббӣ-генетикии илмии ба номи академик Н. П. Бочкова» ва МФДХ «МИТТ саломатии кӯдакон» (Москва), ба иштирок дар барномаи ройгони скрининги ДЛКЛ барои кӯдакон ва наврасон даъват мекунанд.

Муайянкунии барвақтӣ ё ки истиснокунии гипофосфатазия барои сари вақт муайян кардани тактикаи оптипалии пайгирии бемор ва пешгирии ногироншавии ӯ имкон медиҳад.

Дар барнома кӣ иштирок карда метавонад

Аз скрининг беморони то синни 18-сола, ки дар онҳо сатҳи пастшудаи фосфатазаи ишқорӣ ва/ё ки на камтар аз як аломатҳои ГФФ муоина мегарданд, ройгон гузашта метавонанд:

  • пеш аз муҳлат афтидани дандонҳои ширӣ, то 5 сола
  • гипоплазияи эмали дандон
  • таъхири афзоиш
  • дардҳо дар устухонҳо ва/ё ки мушакҳо
  • сустии мушакӣ
  • деформатсияи скелет
  • краниосиностоз
  • таъхири оғози роҳравӣ
  • роҳгардии ноустувор
  • шикастҳои такрорӣ

Марҳилаҳои барнома

Марҳилаи 1

Ҳангоми мавҷудияти на камтар аз як аломати гипофосфатаза то 18 сола

Муҳлат: то 3 рӯз
Марҳилаи 2
ДНК-тадқиқоти вариантҳои патогении гени ALPL

Ҳангоми пастшавии фаъолнокии фосфатазаи ишқории пасттар аз меъёри ҷинсиву синнусолии муайянгардида

Муҳлат: то 1 моҳ
Марҳилаи 3
Машварати телетиббиётии духтури генетик

Ҳангоми муайян гардидани вариантҳои патогении гени ALPL

Барнома бо дастгирии ҶДММ «АстраЗенека» гузаронида мешавад
Саволҳои муҳим дар бораи ташхиси гипофосфатаза
Фосфатазаи ишқорӣ чист ва муайянкунии фаъолнокии он дар ташхиси гипофосфатазия чӣ нақш мебозад?

Фосфатазаи ишқорӣ — ин фермент аст, ки дар ҷараёнҳои мубодилаи калтсий ва фосфор дар организм нақши муҳимтарин мебозад. Вақте ки фаъолнокии фосфатазаи ишқорӣ дар меъёр аст, калтсий ва фосфор ҳамҷоя муттаҳид шуда, бофтаи солими устухонро ташаккул дода метавонанд. Дар ондамон бо гипофосфатазия фаъолнокии фосфатазаи ишқорӣ паст шудааст, барои ҳамин ҷараёни минерализатсияи усутухонҳо вайрон шудааст, ки ба деформатсия ва душвориҳо аз ҷониби аъзоҳои дигар оварда мерасонад1.

Сатҳи устувори фосфатази ишқорӣ — маркери асосии озмоишгоҳии гипофосфатаза аст.

Ба ҳисоб гирифтан муҳим аст, ки консентратсияи фосфатазаи ишқорӣ вобаста аз синну сол ва ҷинс тағйир меёбад, вале на дар ҳамаи озмоишгоҳҳо қиматҳои референсии онҳо аз рӯи ҷинс ва синну сол³ ҷудо карда шудаанд, ки ташхисгузории саривақтиро душвор карда метавонад. Ҳангоми баҳодиҳӣ ба фаъолнокии фермент ба қиматҳои ҷинсиву синнусолии референсӣ диққат додан зарур аст.

Тадқиқоти молекулярӣ-генетикии гени ALPL чӣ тавр сурат мегирад ва он барои чӣ лозим аст?

Тадқиқоти молекулярӣ-генетикии гени ALPL — ин таҳлили ДНК аз хун аст. Муайянкунии вариантҳои патогении (мутатсияҳои) ин ген барои баландбардории боварӣ дар ташхиси «гипофосфатазия» ёрӣ медиҳад.

Чӣ тавр иштирокчии скрининги гипофосфатазия гаштан мумкин аст?

Ба духтури табобаткунанда барои машварат муроҷиат кардан ва аз ӯ аз рӯи шакли махсус роҳхат ба скрининги ройгони гипофосфатазия дар озмоишгоҳи Гемотест гирифтан зарур аст.

Хунро ба таҳлил дар куҷо супоридан мумкин аст?

Таҳлилҳо аз рӯи барномаи скринингро дар шӯъбаҳои ҷудокардашудаи озмоишгоҳӣ супоридан мумкин аст. Суроғаи шӯъбаҳоро тавассути телефони хатти тамос +992 48 703 13 13 саҳеҳ кунед.

Ба тадқиқот чӣ тавр бояд омода шуд?

Ҳуҷҷатҳоро омода кунед:

  • ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти бемор (шаҳодатнома дар бораи таваллуд ё ки шиноснома);
  • ҳуҷҷати тасдиқкунанда шахсияти намояндаи қонунии бемор;
  • ҳуҷҷати тасдиқкунандаи намояндагии қонунӣ (шаҳодатнома дар бораи таваллуд, ваколатнома ва ғайра).

Омодагӣ ба таҳлил ба фосфатазаи ишқорӣ

Хунро ба дили наҳор аз соати 8 то 11 субҳ бояд супорид. Дар давоми рӯз нишондиҳандаҳои хун метавонанд ҷиддан тағйир ёбанд, натиҷаи таҳлили субҳӣ аз ҳама дақиқтарин аст.

24 соат пештар аз тест аз сарбориҳои шадиди ҷисмонӣ бояд худдорӣ намуд.

8 соат пеш аз супоридани худ хӯрок хӯрдан, инчунин нӯшидани шарбат, шир ва нӯшокиҳои дигар набояд. Оби газнок набударо нӯшидан мумкин. Дар арафаи тадқиқот бо хӯроки шом хӯроки сабуки камравған истеъмол кардан беҳтар аст.

1–2 соат қабл аз таҳлил аз стресс ва шиддати ҷисмонӣ (давидан, ба зинапоя зуд баромадан) худдорӣ намоед.

15 дақиқа пеш аз гирифтани худ камтар истироҳат кардан: дар шӯъбаи ташхисгоҳӣ нишастан, нафастро рост кардан, ором шудан беҳтар аст.

Қоидаҳои гирифтани таҳлили хун аз кӯдакон:

Омодагӣ ба тадқиқоти молекулярӣ-генетикии гени ALPL

Агар бемор кӯчонидани ҳароммағро аз сар гузаронида, табобат бо ҳуҷайраҳои решагиро гузашта бошад, инчунин агар дар давоми 3 моҳи охирон ба ӯ хун рехта бошанд, оиди ин ҳангоми ба расмият даровардани фармоиш хабар диҳед.

Оё барои гузаштани марҳилаи такрории санҷиш такроран хун супоридан лозим аст?

Такроран супоридани хун талаб карда намешавад, зеро дар ташрифи аввал дар шӯъбаи озмоишгоҳӣ дарҳол 2 пробиркаи хунро барои иҷроиши ҳар ду маршилаи санҷиш мегиранд, агар зарурият дар марҳилаи дуюм бошад.

Таҳлилҳо чанд вақт иҷро мешаванд ва натиҷаҳоро чӣ тавр бояд донист?

Муҳлати иҷроиши таҳлил ба фосфатазаи ишқорӣ — то 3 рӯз, муҳлати иҷроиши тадқиқоти молекулярӣ-генетикии варианнтҳои патогенӣ дар гени ALPL — то 1 моҳ.

Натиҷаҳои таҳлилҳо дар профили бемор дар сомона дастрас мешаванд, инчунин ба почтаи электронӣ равона карда мешаванд. Шакли коғазӣ бо натиҷаро аз шӯъбаи дилхоҳи Гемотест бо пешкаш кардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият гирифтан мумкин аст.

Баъд аз гирифтани натиҷаи мусбии таҳлили молекулярӣ-генетикӣ (мутатсия муайян гардид) чӣ мешавад?

Ҳангоми натиҷаи мусбии таҳлили молекулярӣ-генетикии гени ALPL бемор машваратро аз духтур-гететики Гемотест хоҳад гирифт. Барои тасдиқкунӣ ё ки соқиткунии ташхис тадқиқоти иловагӣ талаб карда мешавад.

Дар ҳолати натиҷаи манфӣ оё аз санҷиш такроран гузаштан мумкин аст?

Агар мутатсия дар гени ALPL муайян карда нашавад, такрор кардани таҳлил ба фосфатазаи ишқорӣ боз ду маротиба бо фарқияти 1 моҳ ва дар ҳолати пастшавии устувори сатҳи он ба духтур-генетик муроҷиат кардан мувофиқи мақсад аст.

Сарчашмаҳо

  1. Тавсияҳои клиникии «Вайроншавии мубодилаи фософор (гипофосфатазия)», 2023 https://cr.minzdrav.gov.ru/recomend/770_1 санаи муроҷиат 07.05.2024
  2. Rush, E.T., Moseley, S. & Petryk, A. Burden of disease in pediatric patients with hypophosphatasia: results from the HPP Impact Patient Survey and the HPP Outcomes Study Telephone interview. Orphanet J Rare Dis 14, 201 (2019). https://-doi.org/10.1186/s13023-019-1167-5.
  3. Рамазанова К.М., Витебская А.В. Фосфатазааи ишқорӣ дар ташхиси бемориҳои кӯдакон. Масъалаҳои педиатрии амалӣ. 2024; 19(2): 157–162. DOI: 10.20953/1817-7646-2024-2-157-162
  4. Dahir K. M., Seefried L., Kishnani P. S., et al. Clinical profiles of treated and untreated adults with hypophosphatasia in the Global HPP Registry // Orphanet Journal of Rare Diseases. 2022. Vol. 17. P. 277. doi:10.1186/s13023-022-02393-8

© 2024 AstraZeneсa. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудаанд

Мавод барои аудиторияи васеъ таъин карда шудааст. Иттилооти дар ин қисмат пешкашгардида, машварати духтур намебошад ва онро иваз намекунад. Машварати духтурро гирифтан зарур аст.

Рақам тасдиқкунӣ: RU-27395 Санаи тасдиқкунӣ: 15.01.2026, Санаи анҷоми эътибор: 14.01.2028

В начало страницы