Тавсия дода мешавад, ки хунро саҳар наҳорӣ накарда, 12–14 соат пас аз хӯрокхӯрӣ супоред.
Пеш аз таҳлили озмоишӣ (дар давоми 24 соат) машрубот нӯшидан, тамрин кардан, доруворӣ истеъмол намудан (бо духтур маслиҳат намоед) мумкин нест.
1-2 соат пеш аз хунсупорӣ аз тамокукашӣ худдорӣ намоед, афшура, қаҳваю чой нанӯшед, оби бегаз нӯшидан мумкин аст. Машрубот нӯшидан, тамрин кардан (давидан, ба зинамоя тез баромадан), эҳсосотӣ шудан мумкин нест. 15 дақиқа пеш аз хунсупорӣ тавсия дода мешавад, ки дам гиреду ором шавед.
Хунро дарҳол пас аз физиотерапия, муоинаи инструменталӣ, ташхиси рентгенӣ ва ултрасадо, маҳс ва дигар амалиёти тиббӣ ҷиҳати таҳлили озмоишӣ насупоред.
Бо мақсади таҳлили озмоишӣ хунро пеш аз оғози истеъмоли доруворӣ (махсусан антибиотику дорувориҳои гормоналӣ) ё на барвақттар 10-14 рӯз пас аз қатъи истеъмоли чунин доруворӣ бояд супорид. Агар доруворӣ истеъмол карда истода бошед, ҳатман духтури худро дар ин бора огоҳ намоед.
Озмоишгоҳи «Гемотест» ҳуқуқ дорад шарту шароит ва муҳлати иқдомро тағйир диҳад.