Хун ин бофтаи моеъ аст, ки дар системаи хунгард гардиш дорад. Он аз моддаи моеъи байни ҳуҷайрӣ – плазма ва унсурҳои шаклӣ – эритросит, лейкосит, тромбосит иборат аст. Таркиби химиявӣ ва ҳуҷайравии хуни шахси солим нисбатан мӯътадил аст, аммо ба ҳама гуна тағйироти бадан эътино мекунад.
Таҳлили клиникии хун ин муҳимтарин таҳлили ҳамаҷонибаи озмоишӣ ҳангоми муоинаи шахси бемор аст. Нишондиҳандаҳои мавриди таҳлил қарор додашуда, чун қоида, пеш аз зуҳуроти аломатҳои беморӣ тағйир меёбанд.
Дар доираи таҳлили озмоишӣ нишондиҳандаҳои зерин муайян карда мешаванд:
- тамаркузи гемоглобин;
- миқдори эритросит;
- миқдори тромбосит;
- миқдори лейкотсит;
- гематокрит;
- ҳаҷми миёнаи эритросит;
- таркиби миёнаи гемоглобин дар эритросит;
- тамаркузи миёнаи гемоглобин дар эритросит;
- нишондиҳандаи ранги хун;
- таркиби мутлақу фоизии лейкосити мухталиф дар хун;
- суръати таҳшини эритросит.