Омодагӣ барои тадқиқоти хун

Қоидаҳои умумӣ

  • Барои аксарияти тадқиқотҳо хунро пагоҳӣ, аз соати 8 то 11, бо дили наҳор (байни қабули охирони ғизо ва гирифтани хун бояд на кам аз 8 соат гузарад, обро дар реҷаи оддӣ нӯшидан мумки наст) супоридан тавсия дода мешавад, др арафаи тадқиқот — хӯроки сабуки бегоҳӣ бо маҳдудкунии қабули ғизои серравған.
Агар доругӣ қабул кунед, оиди ин духтури табобаткунандаро огоҳ кунед.
  • Супоридани хун ба профили липидӣ (холестерини умумӣ, холестерин-ЛПВП, холестерин-ЛПНП, холестерин-ЛПОНП, триглисеридҳо, липопротеин (а), аполипопротеин А1, аполипопротеин В) бояд ба дили наҳор, баъд аз 12–14 соати гуруснагӣ, санҷиши глюкозотолерантӣ — баъд аз 8–14 соати гуруснагӣ.
  • Супоридани таҳлили ГастроПанель® (скрининг) ва ГастроПанель® (бо сарборӣ) бояд баъд аз 4–10 соати гуруснагӣ.
  • 24 соат қабл аз тадқиқот машрубот, сарбориҳои интенсивии ҷисмонӣ, қабули доруҳоро бояд истисно намуд (тибқи мувофиқа бо духтур).
  • 1–2 соат то тадқиқот бояд аз тамокашӣ худдорӣ намуд, шарбатҳо, чой ва қаҳва истеъмол набояд кард, оби бегаз нӯшидан мумкин аст. Истиснокунии шиддати ҷисмонӣ (дав, аз зинапоя тез баромадан), барангезиши ҳиссиётӣ. 15 дақиқа то супоридани худ истироҳат кардан, ором шудан тавсия дода мешавад.
  • Хун набояд дарҳол баъд аз протседураҳои физиотерапевтикӣ, тадқиқоти асбобӣ, тадқиқоти рентгенологӣ ё к ултрасадоӣ, маҳс ва протседураҳои тиббӣ супорида шавад.
  • Ҳангоми назорати нишондиҳандаҳои озмоишгоҳӣ дар динамика гузаронидани тадқиқоти такрорӣ дар шартҳои якхела — дар як озмоишгоҳ, супоридани хун дар вақти ягонаи шабонарӯзӣ ва ғайра тавсия дода мешавад.
  • Хун барои тадқиқотро то оғози қабули препаратҳои доругӣ ё ки баъд аз 10–14 рӯзи бекор карда шудани он супоридан лозим аст. Барои баҳодиҳии назорати самаранокии табобат бо препаратҳои дилхоҳ тадқиқотро баъд аз 7–14 рӯзи қабули охирони препарат гузаронидан лозим аст.

Гирифтани таҳлили хун аз кӯдакони то 7 сола

Омодакунии руҳии кӯдак

Талаботи асосӣ ба модар — нигоҳ доштани оромии пурра. Кӯдакон, хусусан хурдсолон, кайфияти модарро хеле тез эҳсос мекунанд ва асабонӣ шуданро оғоз мекунанд, агар ӯ аз протседураи дар пеш истода тарсад. Бо кӯдак, ки аллакай ба синни томактабии калон ё ки мактабӣ расидааст, муҳокима кардани он, ки чӣ дар пеш истодааст, фоиданок аст. Ӯро тарсонидан лозим нест, хусусан, ӯ хунро маротибаи якум супорида истода бошад. Инчунин огоҳ кардан мумкин аст, ки эҳтимол, дар кӯдак эҳсосоти нофорам ба миён оянд.

Оиди он ғамхорӣ кунед, то ки кӯдак пеш аз гирифтани хун зиқ нашавад. Бо худ китобча, бозичаи дӯстдоштаи ӯ, рангакунӣ бо фломастерҳоро гиред — вобаста ба синну сои кӯдак. Ин на танҳо вақти ӯро мегирад, вале барои диққатро ба тарс аз протседураи дар пеш истода ҷалб кардан низ имкон намедиҳад.

Қарор кунед, ки оё ҳузури шумо дар утоқи духтур дар вақти таҳлил лозим аст ё не. Бешак, он зарур мешавад, агар кӯдак хеле хурд бошад, вале ба баъзе аз мактаббачагон, ҳатто аз синфҳои хурд, ҳузури волидайн танҳо халал расонида, боиси гиря ё ки зиддият шуда метавонад. Ба хусусиятҳои руҳии кӯдак аҳмият диҳед.

Дар вақти гузаронидани протседураи гирифтани хун кӯдакони хурдсолдар дар даст доштан лозим аст. Агар кӯдак гармӣ ва ҳимояи модарро эҳсос кунад, он ҳатто дар ҳолати ношинос ва тарсонанда низ худ ором мешавад.

Гирифтани хунро на дарҳол баъд аз вуруд ба утоқи протседурӣ бояд оғоз кард. Ба кӯдак як-дақиқа барои шиносоӣ бо ҳолат ва одами ношинос, ки дасти ӯро меқапад, лозим аст.

Баъд аз таҳлил фикр кунед, ки кӯдакро барои рафтори хуб бо чӣ шод кардан мумкин аст. Туҳфаи ногаҳонии хурдакак барои рӯйпӯш кардани таъассуроти нохуш аз протседура ёрӣ дода метавонад.

Омодагӣ қабл аз супоридани хун

То супоридани таҳлили хун вақти пагоҳӣ аз ҳама мувофиқтар аст: меъёрҳои ҳамаи таҳлилҳо айнан барои фосилаи вақти аз соати 8то 11 пагоҳӣ коркард гардидаанд.

1–2 рӯз то таҳлили хун аз ратсиони кӯдак бояд ғизоҳои равғанин ва бирёнкардашуда, шириниҳо истисно карда шаванд.

Гирифтани хун барои таҳлил аз кӯдакони 1–2 соларо кӯшиш кунед, то ки ба ғизодиҳии навбатӣ мутобиқ кунед. Баъд аз ғизо бояд на камтар аз 2–3 соат гузарад!

Кӯдакони аз 2 сола ва калонтар хунро барои таҳлил қатъиян ба дили наҳор месупоранд. Байни хӯрокхӯрии охирон ва гирифтани хун бояд на камтар аз 6–8 соат гузарад.

Бо худ чизе ширинакак гиред, то ки дарҳол баъд аз утоқи протседура баромадан имконияти хӯрдан бошад. Барои бо хун хуб пур шудани рагҳо 30 дақиқа пеш аз гирифтани хун кӯдак бояд 50–100 мл моеъ, беҳтараш об нӯшад. Ҳангоми тадқиқоти сатҳи глюкоза дар хун ба кӯдак танҳо об диҳед!

Гирифтани таҳлили хун аз кӯдакони аз 1 рӯз то 12 моҳ

Кӯшиш кунед, ки гирифтани таҳлил аз кӯдакони синамако ба танаффус байни ғизодиҳӣ, наздиктар ба ғизодиҳии дуюм ташкил кунед.

Барои бо хун хуб пур шудани рагҳо 30 дақиқа пеш аз гирифтани хун кӯдак бояд 50–100 мл моеъ, беҳтараш об нӯшад. Ҳангоми тадқиқоти сатҳи глюкоза дар хун ба кӯдак танҳо об диҳед!

Дар вақти гирифтани хун дастони кӯдак ҳатман бояд гарм бошанд. Агар аз кӯча омада бошед ё ки дар бино салқин бошад, дастони кӯдакро гарм кардан лозим аст. Ин шарти ҳатмӣ ва хеле муҳим аст: аз иҷроиши он миқдори хуни ҳангоми гирифтан ба даст омада вобаста аст.

Бевосита пеш аз протседура кӯдакро чунон ба худ ҷалб кард, то ки ӯ ба таври максималӣ дар ҳаловат бошад. Пеш аз гирифтани хун ду дақиқа интизор шудан хуб аст, то ки кӯдак ором шуда, ба муҳити атроф одат кунад.

Тадқиқоти алоҳида

Қоидаҳои умумӣ ба ҳамаи таҳлилҳо татбиқ карда мешаванд, вале барои баъзе аз тадқиқот омодагии махсус ва маҳдудиятҳои иловагӣ талаб карда мешаванд. Қатъиян саҳеҳ риоя кардан ба тавсияҳои дар поён овардашуда хеле муҳим аст, зеро танҳо дар ин ҳолат натиҷаҳои саҳеҳи тадқиқот гирифта шуда метавонанд.

Таҳлили умумии хун

Хун дар соатҳои пагоҳӣ ба дили наҳор (ё ки дар соатҳои рӯзона/бегоҳӣ, баъд аз 8 соати қабули охирони ғизо) супорида мешавад. 1-2 рӯз қаблтар аз тадқиқот аз таъомнома маҳсулотҳо бо таркиби баланди чарбуҳоро хориҷ кунед.

Карбамид

1-2 рӯз то тадқиқот бояд парҳез кард: бояд истеъмоли ғизои ғанӣ аз пуринҳо — ҷигар, гурдаҳоро рад кард, инчунин дар ратсион гӯшт, моҳӣ, қаҳва, чойро ба таври максималӣ маҳдуд кард. Сарбориҳои интенсивии ҷисмонӣ нишондоди рад доранд.

Холестерин, липопротеинҳо

Ду ҳафта то тадқиқот препаратҳои пасткунандаи сатҳи липидҳо дар хунро бояд бекор кард, агар мақсади муайянкунии самараи табобати гиполимидемикӣ бо ин препаратҳо гузошта нашавад.

Глюкоза

Ҳангоми супоридани хун барои глюкоза (иловатан ба талаботи асосии омодакунӣ ба таҳлилҳо) дандонҳоро тоза кардан ва хоидани сақиҷ, нӯшидани чой/қаҳва (ҳатто ширин набуда) мумкин нест. Пиёлаи пагоҳирӯзии қаҳва нишондодҳоро ҷиддан тағйир медиҳад. Инчунин воситаҳои пешоброн ва доруҳои дигар низ таъсир мерасонанд.

Санҷиши глюкозотолерантӣ

Санҷиши глюкозотолерантиро танҳо дар бо он шарт гузаронидан иҷозат дода мешавад, ки таркиби глюкоза дар хун аз 6,7 ммол/л зиёд набошад, барои ҳамин бевосита пеш аз тадқиқот дар шӯъбаи озмоишгоҳӣ экспресс-таҳлил ба хунро мегузаронанд. Он дар алоҳидагӣ пардохта мешавад.

Дар вобастагӣ аз намуди санҷиш, хун ба таҳлилро ду ё ки се маротиба мегиранд: ба дили наҳор, баъд аз 1 соат ё ки 2 соат баъд аз сарбории углеводӣ (ба одам барои нӯшидан 200 мл шираи шакари дорои 75 г шлюкозаи хушк медиҳанд). Ҳамаи ин вақт тақрибар 2,5 соат бояд дар шӯъбаи озмоишгоҳӣ қарор дошта бошед.

Агар хунро зани ҳомиладор супорад, ӯ бояд роҳхатро пешкаш кунад, ки дар он номгӯи тадқиқот, муҳлати ҳомиладорӣ, санаи додашуда, имзо ва муҳри духтур нишон дода шуда бошад.

  • 3 рӯз қабл аз тадқиқот нигоҳдории сарбориҳои муқаррарии ҷисмонӣ ва ратсиони рӯзмарра лозим аст, ки ба он на кам аз 125–150 карбогидратҳо ворид бошанд (ин услуби ғизои тааллуқдошта ба аксарияти одамон аст: масалан, порси миёнаи биринҷ, гречка ё ки пюреи картошкагн тақрибан 45 г карбогидратҳо дорад, порси хӯриши сабзавотӣ — тақрибан 30).
  • 24 соат пештар аз тест машруботро бояд истисно карда, сигор накашида, аз сарбориҳои шадиди ҷисмонӣ бояд худдорӣ намуд. Бо мувофиқа бо духтур қабули адреналин, стероидҳо, қаҳва, воситаҳои пешоброни қатори тиазидӣ, воситаҳои прсихотропӣ ва антидепрессантҳоро ояд қатъ кард.
  • Хунро аз соати 8 то 11 субҳ баъд аз 8–14 соати гуруснагӣ бояд супорид.
  • 8 соат пеш аз супоридани худ хӯрок хӯрдан, инчунин нӯшидани нӯшокиҳои дорои шакар (шарбат, шир, қаҳва ва ғайра) набояд. Оби газнок набударо нӯшидан мумкин. Дар арафаи тадқиқот бо хӯроки шом хӯроки сабуки камравған истеъмол кардан беҳтар аст.
  • 15 дақиқа пеш аз гирифтани худ камтар истироҳат кардан: дар шӯъбаи ташхисгоҳӣ нишастан, нафастро рост кардан, ором шудан беҳтар аст.
  • Баъд аз сарбории карбогидратӣ ва то гирифтани баъдинаи хун (баъд аз 2 соат ё ки баъд аз 1 соат ва 2 соат) бояд дар шӯъбаи озмоишгоҳӣ оромона хобид ё ки нишаст.

Маҳдудиятҳо барои гузаронидани тадқиқотҳо:

  • синну сол аз 14 хурдтар;
  • ҳомиладорӣ бо муҳлати бештар 28 ҳафта (муҳлати охирони супоридан — 27 ҳафта ва 6 рӯз);
  • натиҷаи экспресс-санҷиш ба глюкоза бештар аз 6,7 ммол/л.

Омилҳое, ки ба натиҷа таъсир мекунанд

Ба сатҳи глюкоза дар хун қабули баъзе аз препаратҳои доругӣ таъсир мекунанд, дар шумораи онҳо:

  • ҳормонҳои кортикостероидӣ,
  • статинҳо,
  • препаратҳои зиддивирусӣ ва пешоброн,
  • воситаҳои психотропӣ ва антидепрессантҳо,
  • шарбатҳо аз сулфа.

Ба ғайр аз он, консентратсияи глюкоза дар хун ҷавобан ба стресс, хастагӣ тағйир меёбад,, дар занон бошад — дар вақти ҳайзбинӣ низ. Ҳангоми бемориҳои музмин ё ки давомноки илтиҳобӣ, сиррози машруботии ҷигар, гепатитҳои вирусӣ, патологияи аъзои ҳозима бо вайроншавии ҷаббиши глюкоза натиҷаҳои таҳлил метавонад мусбии бардурӯғ ё ки манфии бардурӯғ бошанд.

Гаптоглобин

Пеш аз тадқиқот қабули препаратҳои зерин бояд истисно карда шаванд: дапсон, метилдопа, сулфасалазин, эстрогенҳо, контрасептивҳои пероралӣ, тамоксифен, андрогенҳо.

Алфа-2-макроглобулин

Дар давоми се рӯз пеш аз тадқиқот худдорӣ аз истеъмоли гӯшт зарур аст.

Оҳани зардобӣ ва ферритин

Бо мувофиқа бо духтур супоридани хун то оғози қабули препаратҳои доругӣ ё ки баъд аз 7–14 рӯзи бекор карда шудани он супоридан тавсия дода мешавад.

Танҳо барои таҳлил ба оҳани зардобӣ: занон хунро ба таҳлил бояд то ё ки баъд аз ҳайзбинӣ супоранд.

ФиброТест, ФиброМакс, СтеатоСкрин

Гирифтани хун қатъиян ба дили наҳор дар соатҳои пагоҳӣ гузаронида мешавад. 1-2 рӯз то тадқиқот қабул кардани туршии аскорбинӣ тавсия дода мешавад, инчунин, истисно кардани доруҳо ва маҳсулоте, ки боиси рангашавии сунъӣ мешаванд (бехӣ, афлесун) лозим аст.

Барои гузаронидани тадқии ФиброМакс донистани вазн ва қади саҳеҳи худ зарур аст.

Тадқиқоти ҳормоналӣ

Хун ба тадқиқоти ҳормоналиро ба дили наҳор дар соатҳои пагоҳӣ, дар давраи аз соати 8 то 11 субҳ бояд супорид. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин имконият, ба баъзе аз ҳормонҳо хунро баъд аз 4-5 соати ғизохӯрии охирон дар соатҳои рӯзона/бегоҳӣ супоридан мумкин аст (ба ғайр аз он тадқиқотҳо, ки ба онҳо хунро қатъиян дар соатҳои пагоҳӣ бояд супорид). Пеш аз супоридани таҳлилҳо маслиҳати духтури мутахассис зарур аст.

1-2 рӯз қабл аз супоридани таҳлилҳо аз таъомнома маҳсулот бо таркиби баланди чарбуҳоро бояд соқит намуд, қабули охирони ғизо бояд аз ҳад зиёд набошад. 1 рӯз қабл аз тадқиқот ҳаловати психоэмотсионалӣ ва ҷисмонӣ (ҳолати ором бе гармо ва сармои аз ҳад зиёд) зарур аст.

Ҳормонҳои ғадуди сипаршакл

Ҳангоми тафтишоти аввалияи сатҳи ҳормонҳои тиреоидӣ препаратҳои таъсиркунанда ба функсияи ғадуди сипаршакл 2-4 ҳафта то тадқиқот бояд бекор карда шаванд (баъд аз мувофиқакунӣ бо духтури табобаткунанда). Ҳангоми назорати табобат қабули препаратҳо дар рӯзи тадқиқот истисно карда шуда, ҳатман ин дар бланки равонакунӣ қайд карда шавад (инчунин иттилоот дар бораи қабули доруҳои дигар: аспирин, транквилизаторҳо, кортикостероидҳо, контрасептивҳои пероралӣ қайд карда шавад).

Ҳормонҳои ҷинсӣ

Дар занони синну соли репродуктивӣ ба натиҷаҳои тадқиқоти ҳормоналӣ омилҳои физиологии алоқаманд бо фазаи давраи ҳайзбинӣ таъсир мекунанд. Дар вақти тадқиқот ба ҳормонҳои ҷинсӣ фазаи давраи ҳайзбиниро нишон додан зарур аст. Ҳормонҳои системаи репродуктивиро қатъиян аз рӯи рӯзҳои давра супоридан лозим аст:

  • ЛГ, ФСГ — 2-3 рӯзи давра;
  • Эстрадиол — 2-3 ё ки 21-23 рӯзи давра;
  • Прогестерон — 21-23 рӯзи давра, дар давраи 28-рӯза. Агар давра аз 28 рӯз кам ё зиёд бошад, он гоҳ 7 рӯз пеш аз ҳайзбинии интизоришаванда.
  • 17-ОН-прогестерон, Тестостерон — 2-3 рӯз;
  • Дигидротестостерон, Андростендион глюкуронид, Тестостерони озод, Андростендион, Глобулин, ки ҳормонҳои ҷинсиро пайваст мекунад — ба 2-3 рӯзи давра.
  • Ҳормони Антимюллер — дар рӯзи дилхоҳи давра.

Пролактин, Макропролактин

Ба 2-3 рӯзи давраи ҳайзбинӣ хунро пагоҳӣ, дар ҳолати оромӣ бояд супорид, пеш аз тадқиқот палпатсияи ғадудҳои шириро бояд истисно кард.

Инчунин ба натиҷаи таҳлилҳо қабули баъзе аз препаратҳои доругӣ таъсир мекунад, барои ҳаамин, якчанд рӯз то тадқиқот (бо мувофиқа бо духтур) бояд бекор карда шавад:

  • препаратҳои эстроген,
  • зиддидепрессантҳои трисиклӣ,
  • опиатҳо,
  • нейролептикҳо,
  • препаратҳои гипотензивӣ.

Ингибин B

Ба занон тадқиқотро ба рӯзи 3-юми давраи ҳайзбинӣ гузаронида мешавад 3 рӯз пеш аз гирифтани хун машқҳои интенсивии варзишӣ бояд истисно карда шаванд. Тадқиқотро набояд дар вақти бемориҳои дилхоҳи музмин гузаронид. 1 соат пеш аз гирифтани хун тамоку накашед.

Адреналин ва норадреналин

8 рӯз то тадқиқот препаратҳои доругӣ истисно бояд карда шаванд: салицилатҳо, β-блокаторҳо. 1 рӯз то тадқиқот аз сарбории вазнини ҷисмонӣ худдорӣ кардан, машрубот, қаҳва, чой, витаминҳои гурӯҳи В, банан бояд истисно карда шавад.

Ренин, ангиотензин

Пеш аз тадқиқот қабули эстрогенҳо (1-2 моҳ пеш), диуретикҳо (3 ҳафта пеш), препаратҳои гипотензивӣ (як ҳафта пеш) истисно карда шашвад. Гирифтани хунро дар ҳолати нишастан ё ки рост истодан ба амал бароварда шавад.

Алдостерон

Бо мувофиқа бо духтур 8 рӯз пеш воситаҳои гипотензивӣ, β-блокаторҳо, исҳоловарҳо, кортикостероидҳо, диуретикҳо, антидепрессантҳо бекор карда шаванд. 3 ҳафта то тадқиқот антагонистҳои алдостерон бекор карда шавад.

АКТГ, кортизол

Вобаста бо он, ки АКТГ ва кортизол ҳормонҳои стресс мебошанд, пеш аз протседураи супоридани хун дар давоми 20 дақиқа ором ва осоишта шудан зарур аст. Стресси дилхоҳ бесабаб партофта шудани ин ҳормонҳо ба хун гардида, ба зиёдшавии ин нишондиҳанда оварда мерасонад.

Сатҳи ин ҳормонҳо давра ба давра дар давоми шабонарӯз тағйир меёбад, барои ҳамин, натиҷаҳои тадқиқоти то соати 9 пагоҳӣ гузаронидашуда иттилооти бештар доранд.

Инсулин, С-пептид

Хунро қатъиян дар соатҳои пагоҳӣ бояд супорид.

ГастроПанель® (Гастрин-17, Гастрин-17 стимулятсишуда, пепсиноген I, пепсиноген II, H. Pylori IgG)

Хунро ба тадқииқот баъд аз аз 4–10 соати гуруснагӣ бояд супорид.

Тадқиқоти гмостазиологӣ

Занон хунро ба таҳлил бояд то ё ки баъд аз ҳайзбинӣ супоранд.

Беморон, ки дар терапия бо антикоагулянтҳо қарор доранд ва нишондиҳандаҳоро мониторинг мекунанд, бояд реҷаи қабули препарати доругиро қатъиян риоя кунанд. Фосилаи вақт байни қабули охирони препарат ва гирифтани хун бояд доимӣ бошад.

Протеин С, Протеин S, омили Виллебранд

Тадқиқот дар давраи музмини бемориҳо ва дар вақти қабули препаратҳои антикоагулянтӣ набояд гузаронида шаванд (баъд аз бекоркунӣ бояд на кам аз 30 рӯз гузарад). Вале агар аллакай дар терапия бо антикоагулянтҳо қарор дошта бошад ва нишондиҳандаҳоро мониторинг кунад, реҷаи қабули препарати доругиро қатъиян риоя кардан лозим аст. Фосилаи вақт байни қабули охирони препарат ва гирифтани хун бояд доимӣ бошад.

ПСА (умумӣ, озод)

Баъд аз биопсияи ғадуди простата ва масҳи протата хунро барои муайянкунии ПСА на пештар аз 2 ҳафта супоридан мумки наст. Сатҳи баъдиҷарроҳии ПСА на пештар аз 6 ҳафта баъд аз дахолат муайян карда мешавад. Дар давоми 1 ҳафта пеш аз тадқиқот аз алоқаҳои ҷинсӣ худдорӣ кардан лозим аст.

СА-125 тухмдонҳо

Баъд аз 2–3 рӯз баъд аз ҳайбинӣ супоридан иттилоъноктар аст.

РЭА

Хунро на пештар аз 7–14 рӯз баъд аз аз бемориҳои пасисаргардидаи сироятӣ, музмин ё ки давомнок дар марҳилаи авҷёбӣ, инчунин протседураҳои ташхисии инвазивӣ (масалан, биопсия) тавсия дода мешавад.

Алфа-фетопротеин

Хунро на пештар аз 7–14 рӯз баъд аз аз бемориҳои пасисаргардидаи сироятӣ, музмин ё ки давомнок дар марҳилаи авҷёбӣ, инчунин протседураҳои ташхисии инвазивӣ (масалан, биопсия) тавсия дода мешавад.

Тадқиқи худ барои мавҷудияти сироятҳо

1-2 рӯз қаблтар аз тадқиқот аз таъомнома маҳсулотҳо бо таркиби баланди чарбуҳоро хориҷ кунед.

Натиҷаҳои тадқиқот барои мавҷудияти сироятҳо аз давраи сироятёбӣ ва ҳолати системаи масуният вобаста мебошанд, барои ҳамин, натиҷаи манфӣ сироятро пурра истисно намекунад. Дар марҳилаи барвақти беморӣ сероконверсия ба миён меояд (мавҷуд набудани антителоҳо дар давраи шадиди беморӣ).

Дар ҳолатҳои шубҳанок гузаронидани таҳлили такрорӣ баъд аз 3-5 рӯз мутобиқи мақсад аст.

Тадқиқоти хун ба мавҷудияти антителоҳои дараҷаи IgМ ба барангезандагони сироятҳоро на пештар аз −7 рӯз аз лаҳзаи беморӣ, антителоҳои дараҷаҳои IgG, IgA на пештар аз 10-14 рӯз бояд гузаронид. Ин бо муҳлатҳои коркарди антителоҳои системаи масуният ва пайдошавии онҳо дар хун дар титри ташхисӣ алоқаманд аст.

В начало страницы