Омодагӣ ба колпоскопия
- Колкоскопия дар рӯзи дилхоҳ, бо истиснои рӯзҳои ҳайзбинӣ гузаронида мешавад. Ҷудошавиҳои ҳайзӣ ба духтур-гинеколог барои гузаронидани муоинаи пардаи луобии маҳбал ва гарданаи бачадон имконият намедиҳанд.
- 24 соат то тадқиқот алоқаҳои ҷинсро истисно кунед, таҳорат накунед, аппликатсияҳои доругиро татбиқ накунед, аз тампонҳо истифода набаред.
- Колкоскопияро мегузаронанд, агар на кам аз 024 соат то протседура зан тадқииқоти ситологии гардана ва роҳи сервикалиро гузашта бошад.
- Колкоскопияро баъд аз гирифтани намунаҳои гинеколоӣ ва иҷроиши ТУС бо сенсори дохилимаҳбалӣ гузаронида намешавад. (Намунаи гинекологиро баъд аз 2 рӯзи колкоскопия имконпазир аст).
Тадқиқотро дар ҳолатҳои зерин намегузаронанд:
- синну соли бемор камтар аз 18 сол;
- бокирагӣ (дар синну соли дилхоҳ);
- давраи баъд аз таваллуд (6–8 ҳафтаи аввал);
- табобати ба қарибӣ гузаронидашудаи гарданаи бачадон бо усулҳои деструктивӣ ва ҷарроҳӣ, инчунин манипулятсияҳои ҷарроҳӣ оид ба қатъкунии ҳомиладорӣ;
- таҳаммулнопазирӣ ба туршии сирко ва препаратҳои йод;
- ҷараёни музмини илтиҳобӣ.