Омодагӣ ба тадқиқоти пешоб
Тавсияҳои умумӣ
- Дар арафаи тадқиқот маводҳои хароҷотиро (контейнер бо гузаронанда ва пробирка) бояд аз шӯъбаи дилхоҳи озмоишгоҳӣ бояд гирифт.
- 10-12 соат то тадқиқот истеъмоли машрубот, ғизои тунд ва шӯр, инчунин маҳсулоти ғизоии тағйирдиҳандаи ранги пешоб (лаблабу, бехӣ) тавсия дода намешавад.
- Аз рӯи имконият қабули препаратҳои пешоброн истисно карда шавад.
- Баъд аз гузаронидани систоскопия таҳлили хунро на пештар аз 5-7 рӯз таъин кардан мумкин аст.
- Ба занон супоридани таҳлили пешоб дар давраи ҳайзбинӣ тавсия дода намешавад.
- Ҷамъкунии пешобро бемор мустақилона иҷро мекунад (кӯдакон ва беморони вазнин аз ин истисно).
- Пеш аз супоридани таҳлил тозакунии бодиққати аъзои ҷинсии берунаро гузаронед. Ба занон: бо тампони пахтагии бо оби гарми собунӣ таркардашуда, тозакунии аъзоҳои берунаи ҷинсиро гузаронидан, аъзоҳои ҷинсиро бо ҳаракати тампон аз пеш ва поён коркард карда, бо сачоқи қоғазини тоза кунед. Ба мардон: шустушӯи бодиққати шикофии берунаи роҳи пешобро бо оби гарм ва собун иҷро кунед, баъд оби гарм шуста, бо сачоқи қоғазин тоза кунед..
- Маводи биологиро ба тадқиқоти «Таҳлили умумии пешоб» ва «Таҳлили пешоб аз рӯи Нечипоренко» дар рӯзҳои гуногун супоридан атвсия дода мешавад, зеро ҳангоми барои ҳар ду тадқиқот истифода бурдани худи як порси пешоби пагоҳирӯзӣ дар натиҷаи омехтакунии нобаробар, инчунин таъсири омилҳои беруна, натиҷаҳо аз якдигар фарқ карда метавонанд, ки барои душвории интерпретатсияи натиҷаҳо аз рӯи духтури мутахассис оварда расонида метавонад.
Тадқиқоти алоҳида
- Таҳлили умумии пешоб
- Ҷамъкунии пешоби шабонарӯзӣ
- Таҳлили хун аз рӯи Нечипоренко
- Таҳлили хун аз рӯи Зимнитский
- Намунаи Реберг (креатинини хун, креатинини пешоби шабонарӯзӣ)
- Биокимёи пешоб
- Ҷамъкунии пешоб барои муайянкунии оксалатҳо
- Намунаи Сулкович (калтсийи пешоб, санҷиши сифатӣ)
- Таҳлили пешоб ба катехоламинҳо
- Муайянкунии ДПИД дар пешоб
- Ҷудокунии пешоб (бо муайянкунии ҳассосӣ ба антибиотикҳо)
- Ҷамъкунии пешоб барои муайянкунии UBC (антигени саратони пешобдон)
- Намунаи 2-пиёлагӣ
- Намунаи 3-пиёлагӣ
- Тадқиқоти ситологии пешоб
Таҳлили умумии пешоб
- Дар арафаи тадқиқот дар шӯъбаи дилхоҳи озмоишгоҳии «Гемотест» контейнери махсуси стерилӣ бо дастгоҳ барои кӯчонидани пешоб ба пробиркаро гиред.
- Барои таҳлили умумӣ аз порси аввалини пагоҳии пешоб истифода мебаранд (пешобкунии пешина бояд на дертар аз соати 2-и шаб бошад).
- Пеш аз ҷамъкунии пешоб тозакунии бодиққати аъзои ҷинсии берунаро гузаронед. Мардон бояд ҳангоми пешобкунӣ пӯстро пурра кашида, шикофии берунаи роҳи пешоббарорро озод кунанд. Занон — лабҳои ҷинсиро ба ту тараф кушоянд. Сарпӯши контейнерро тоб дода кушоед ва онро бо дастгоҳи кашонидани пешоб ба боло гузоред.
- Диққат! Бо дастон ба найчаи стерилӣ ё ки қисми дохилии сарпӯш нарасед.
- Порси камтари пешобро ба ҳоҷатхона резед, баъд аз он порси охирони пешобро ба контейнер ҷамъ кунед.
- Контейнер бояд на бештар аз 3/4 аз ҳаҷми он пур бошад. Минималӣ — 30 мл, максималӣ — 80 мл.
- Сарпӯшро бо эҳтиёткорона доштани он аз канорҳо зич тоб дода маҳкам кунед. Таркиби контейнерро 3-5 маротиба, бо эҳтиёткорона чаппа кардани он ба 180° омехта кунед.
- Ба пробиркаҳо бо маълумот оиди бемор тамға гузоред. Ному насабро нависед. Диққат! Бо ҳарфҳои чопӣ.
- Стикер дар сарпӯши пробиркаро қат кунед, вале онро пурра накушоед!
- Пробиркаро бо тарафи сарпӯшаш ба поён ба чуқурӣ дар сарпӯши контейнер ҷойгир кунед. Ба таги пробирка пахш карда, сарпӯшра тела диҳед. Баъд а пуршавии пробирка бо пеҳоб онро аз контейнер берун кунед.
- Таркиби пробиркаро 8-10 маротиба, бо эҳтиёткорона чаппа кардани он ба 180° омехта кунед. Пробикаро ба шӯъбаи озмоишгоҳӣ дар давоми 1,5 соат дастрас кунед.
Ҷамъкунии пешоби шабонарӯзӣ
Пешобро дар давоми 24 соат дар реҷаи оддии нӯшокӣ (1,5-2 л дар як шабонарӯз) ҷамъ кунед.
- Соати 6-8 пагоҳӣ масонаро озод кунед (ин порси пешобро рехта партофтан мумкин аст).
- Дар давоми 024 соат пешобро ба зарфи тозаи ҳаҷмаш на камтар аз 2 л ҷамъ кунед. Дар вақти ҷамъкунӣ зарф бо пешоб бояд дар ҷойи салқин (оптималӣ — дар яхдон дар рафи поёнӣ дар +4-8°С) нигоҳ дошта шавад, бо пешгирии яхкунии он.
- Порси охирони пешобро дар худи ҳамон вақти рӯзи оянда, ки дар он ҷамъкунӣ оғоз карда шуда буд, ҷамъ кардан лозим аст.
- Миқдори пешобро чен карда, 50-100 мл ба контейнери махсуси стерилӣ рехта шавад. Ба контейнер ҳаҷми пешоби дар давоми шабонарӯз ҷамъкардашуда (диурези шабонарӯзӣ) навишта шавад.
Таҳлили хун аз рӯи Нечипоренко
Пешобро пагоҳӣ (дарҳол баъд аз хоб) бо усули намунаи 3-истаконӣ ҷамъ кунед: оғози пешобкунӣ ба унитаз, порси миёнаро ба контейнери махсуси стерилӣ гиред, анҷом — ба унитаз.
Порси дуюми пешоб бояд аз рӯи ҳаҷм бештар бошад. Ба озмоишгоҳ порси миёнаи пешобро дар пробирка барои пешоб дастрас кунед. Вақти ҷамъкунии пешобро ба бақайдгиранда хабар диҳед. Нигоҳдории пешоб дар яхдон (дар t +2°С +4°С), вале на бештар аз 1,5 соат мумкин аст.
Таҳлили хун аз рӯи Зимнитский
Пешоб барои тадқиқотро дар давоми шабонарӯз (24 соат) ҷамъ мекунанд, аз он ҷумла, дар вақти шабона.
- Порси 1-ум: аз 6-00 то 9-00 пагоҳӣ
- Порси 2-юм: аз 9-00 то 12-00
- Порси 3-юм: аз 12-00 то 15-00
- Порси 4-ум: аз 15-00 то 18-00
- Порси 5-ум: аз 18-00 то 21-00
- Порси 6-ум: аз 21-00 то 24-00
- Порси 7-ум: аз 24-00 то 3-00
- Порси 8-ум: аз 3-00 то 6-00
Пагоҳӣ дар 6:00 (дар рӯзи якуми ҷамъкунӣ) пешобдонро бояд холӣ намуд, ҳамзамон ин порси пагоҳиро барои тадқиқот ҷамъ накарда, мерезанд.
Баъдан дар давоми шабонарӯз 8 порси пешобро пайдарҳам ҷамъ кардан лозим аст. Дар давоми ҳар як аз фосилаҳои 3-соатии вақт бемор як ё ки якчанд маротиба (дар вобастагӣ аз зудидии пешобкунӣ) ба зарфи ҳаҷмаш на камтар аз 1 литр пешоб мекунад. Ҳаҷми пешоб дар ҳар яке аз 8 порсҳо чен карда шуда, сабт карда мешаванд. Ҳар як порси пешоб омехта карда шуда, 30-60 мл ба контейнери алоҳидаи махсуси стерилӣ гирифта мешавад. Агар дар давоми се соат бемор барои пешобкунӣ хоҳиш надошта бошад, контейнерҳо холӣ гузошта мешаванд. Ҷамъкунии пешобро дар соати 6-и пагоҳии шабонарӯзи дигар ба анҷом мерасонанд. Ба озмоишгоҳҳо ҳамаи 8 контейнерҳо дастрас карда мешаванд, дар ҳар яки онҳо рақами порс, ҳаҷми пешоби ҷудошуда ва фосилаи ҷамъкунии пешоб бояд нишон дода шавад.
Моеъи дар давоми шабонарӯз нӯшидашуда бояд ба бақайдгиранда хабар дода шавад.
Намунаи Реберг (креатинини хун, креатинини пешоби шабонарӯзӣ)
Пеш аз гузаронидани намуна аз сарбориҳои ҷисмонӣ худдорӣ карда, чойи талх, қаҳва, машруботро истисно кунед.
Пешоб да давоми шабонарӯз ҷамъ карда мешавад: порси аввалини пагоҳӣ ба халоҷо рехта шуда, ҳамаи порсҳои дар давоми рӯз, шаб ҷудокардашуда ва порси пагоҳии рӯзи дигар ба як зарф ҷамъ карда шуда, дар яхдон (t +4° +8° С) дар давоми тамоми вақти ҷамъкунӣ нигоҳ дошта мешавад (ин шарти зарурӣ).
Баъди ба анҷом расидани ҷамъкунии пешоб мундариҷаи зарф чен карда шуда, ҳатман омехта карда шавад ва дарҳол ба контейнери махсус рехта, он ба озмоишгоҳ дастрас карда шавад.
Ҳаҷми пешоби шабонарӯзӣ ба хоҳари шафқати протседуравӣ хабар дода шавад.
Баъд аз ин хун аз вена барои муайянкунии креатинин гирифта мешавад.
Биокимёи пешоб
Ҳангоми омодагӣ ба таҳлили биокимёвӣ ба он диққат диҳед, ки кадом (якмаротибагӣ ё ки шабонарӯзӣ) шоша барои ҳар як намуди таҳлил бояд ҷамъ карда шавад.
Ҷамъкунии пешоб барои муайянкунии оксалатҳо
Барои тадқиқот танҳо пешоби якмаротибагӣ лозим аст.
Намунаи Сулкович (калтсийи пешоб, санҷиши сифатӣ)
- Дарҳол баъд аз хоб тамоми порси пагоҳирӯзии пешоб ба контейнери хушки тоза ҷамъ карда шавад.
- Ҳамаи пешоби ҷамъкардашуда омехта карда шавад. Аз ҳаҷми умумии пешоб ба контейнери махсуси стерилӣ 40-50 рехта шуда, бо сарпӯш пӯшида шавад. Пешобро аз тубак, кӯзача гирифтан мумкин нест.
- Пешобро дар контейнер ба озмоишгоҳ дастрас мекунанд.
Таҳлили пешоб ба катехоламинҳо
Дарҳол баъд аз хоб тамоми порси пагоҳирӯзии пешоб ба контейнери хушки тоза ҷамъ карда шавад.
Муайянкунии ДПИД дар пешоб
Ҷамъкунии пешоб то соати 10 пагоҳӣ гузаронида шавад. Ба озмоишгоҳ порси 1-ум ё ки 2-юми пешоб ҷамъ карда ва ба озмоишгоҳ дастрас карда шавад.
Ҷудокунии пешоб (бо муайянкунии ҳассосӣ ба антибиотикҳо)
Ҷамъкунии пешоб бояд то оғози табобати доруворигӣ ва на пештар аз 10-14 рӯз баъд аз давраи табобати гузаронидашуда боя ба амал бароварда шавад. Пешобро ба контейнери стерилӣ бо дастгоҳ барои кашонидан ба пробиркаи вакуумӣ бояд ҷамъ кард. Контейнер ва пробиркаро дар шӯъбаи дилхоҳи озмоишгоҳии Гемотест ройгон гирифтан мумкин аст: Аввалин 15 мл пешоб бояд ба халоҷо рехта шавад. 3-10 мл баъдина ба контейнери махсуси стерилӣ ҷамъ карда шуда, сарпӯшаш зич тоб дода шавад. Биоматериал ба озмоишгоҳ дар давоми 1,5-2 соат баъд аз ҷамъкунӣ дастрас карда шавад. Нигоҳдории маводи биологӣ дар яхдон (дар t +2° +4° С) на бештар аз 3-4 соат иҷозат дода мешавад. Ҳангоми ба озмоишгоҳ дертар аз муҳлатҳои нишондодашуда дастрас кардан натиҷаҳои ҷудокунии пешоб носаҳеҳ шуда метавонанд.
Ҷамъкунии пешоб барои муайянкунии UBC (антигени саратони пешобдон)
Ҷамъикунии порси пагоҳирӯзии пешоб тавсия дода мешавад. Порси дилхоҳи пешоби дар пешобдон 3 соат ва бештар қарордошта бояд тадқиқ карда шавад. Маводи биологӣ ба озмоишгоҳ дар давоми 3 соат баъд ҷамъкунӣ дар контейнери махсус дастрас карда мешавад.
Намунаи 2-пиёлагӣ
- Барои тадқиқот порси пурраи пешоби дар масона буда на камтар аз 4-5 соат қарордошта ҷамъ карда мешавад, пешоби аввалини пагоҳиро ҷамъ каран беҳтар аст.
- Бемор пешобкуниро ба зарфи якум оғоз карда, ба дуюмаш ба анҷом мерасонад, ҳамзамон муҳим аст, то ки порси дуюми пешоб аз рӯи ҳаҷм бештар бошад.
- Бо дастон ба найчаи стерилӣ ва қисми дохилии сарпӯш нарасед.
- Ҳар як контейнер бояд на бештар аз 3/4 аз ҳаҷми он пур бошад. Минималӣ — 30 мл, максималӣ — 80 мл.
- Сарпӯшро бо эҳтиёткорона доштани он аз канорҳо зич тоб дода маҳкам кунед. Таркиби контейнерро 3-5 маротиба, бо эҳтиёткорона чаппа кардани он ба 180° омехта кунед.
- Ба пробиркаҳо бо маълумот оиди бемор тамға гузоред. Ному насабро бо ҳарфҳои чопӣ нависед.
- Стикер дар сарпӯши пробиркаро қат кунед, вале онро пурра накушоед.
- Пробиркаро бо тарафи сарпӯшаш ба поён ба чуқурӣ дар сарпӯши контейнер ҷойгир кунед. Ба таги пробирка пахш карда, сарпӯшра тела диҳед. Баъд а пуршавии пробирка бо пеҳоб онро аз контейнер берун кунед.
- Таркиби пробиркаро 8-10 маротиба, бо эҳтиёткорона чаппа кардани он ба 180° омехта кунед.
- Ба озмоишгоҳ ҳар ду пробирка бо пешоб дастрас карда мешавад, ҳамзамон дар ҳар як пробирка рақами порс бояд нишон дода шавад. Дар яхдон (+2...+4), вале на бештар аз 1,5 соат нигоҳ доштан иҷозат дода мешавад.
Намунаи 3-пиёлагӣ
- Барои тадқиқот порси пурраи пешоби дар масона буда на камтар аз 4-5 соат қарордошта ҷамъ карда мешавад, пешоби аввалини пагоҳиро ҷамъ каран беҳтар аст.
- Бемор пешобкуниро ба зарфи якум оғоз карда, ба дуюмаш давом медиҳад ва ба сеюмаш ба анҷом мерасонад, ҳамзамон муҳим аст, то ки порси дуюми пешоб аз рӯи ҳаҷм бештар бошад (тақрибан 80% аз ҳамаи пешоб).
- Бо дастон ба найчаи стерилӣ ва қисми дохилии сарпӯш нарасед.
- Ҳар як контейнер бояд на бештар аз 3/4 аз ҳаҷми он пур бошад. Минималӣ — 30 мл, максималӣ — 80 мл.
- Сарпӯшро бо эҳтиёткорона доштани он аз канорҳо зич тоб дода маҳкам кунед. Таркиби контейнерро 3-5 маротиба, бо эҳтиёткорона чаппа кардани он ба 180° омехта кунед.
- Ба пробиркаҳо бо маълумот оиди бемор тамға гузоред. Ному насабро бо ҳарфҳои чопӣ нависед.
- Стикер дар сарпӯши пробиркаро қат кунед, вале онро пурра накушоед.
- Пробиркаро бо тарафи сарпӯшаш ба поён ба чуқурӣ дар сарпӯши контейнер ҷойгир кунед. Ба таги пробирка пахш карда, сарпӯшра тела диҳед. Баъд а пуршавии пробирка бо пеҳоб онро аз контейнер берун кунед.
- Таркиби пробиркаро 8-10 маротиба, бо эҳтиёткорона чаппа кардани он ба 180° омехта кунед.
- Ба озмоишгоҳ ҳар се пробирка бо пешоб дастрас карда мешавад, ҳамзамон дар ҳар як пробирка рақами порс бояд нишон дода шавад. Дар яхдон (+2...+4), вале на бештар аз 1,5 соат нигоҳ доштан иҷозат дода мешавад.
Тадқиқоти ситологии пешоб
- Пешоб баъд аз пешобкунии пагоҳӣ ҷамъ карда шавад.
- Пешоби дар вақти пешобкунии пагоҳӣ ҷамъкардашуда, барои ин тадқиқот истифода бурда намешавад. Ҳуҷайраҳое, ки дар тамоми шаб дар пешобдон мондаанд, вайрон шуда метавонанд.
- Ҳамаи пешоби ҷамъкардашуда омехта карда шавад. 40-50 мл ба контейнери махсуси стерилӣ ҷамъ карда шуда, ба шӯъбаи озмоишгоҳии «Гемотест» дастрас карда шавад.