Омодагӣ ба ТОР (томографияи оҳанрабоӣ-резонансӣ)
Омодакунии махсус ба ТОР-и сар, сутунмуҳра, дастгоҳи такяю ҳаракат, бофтаҳои мулоим, аъзои берунаи ҷинсии мардона ва ғадудшои ширӣ талаб карда намешавад.
Дар як рӯз ТОР бо контраст танҳо як қисм гузаронида мешавад. Байни томографияи компютерӣ бо контраст ва ТОР бо контраст, инчунин байни ду протседураҳои ТОР ва контраст на кам аз 36 соат танаффус лозим аст.
ТОР бо контракст баъд аз 2–3 соати қабули ғизо гузаронида мешавад. Қабули доруҳо иҷозат дода шудааст (бо миқдори камтари об нӯшед).
Гирифтани маводи биологӣ барои тадқиқот то ТОР иҷро карда мешавад.
Аъзоҳои холигии шикам, фазои пушти шикам
Ҷигар, талхадон, заҳраҳо (холангиография), ғадуди зери меъда, испурч, гурдаҳо, ғадудҳои болои гурда, бастаҳои лимфатикии пушти шикам
3 рӯз то тадқиқот аз ратсион сабзавот, меваҳо, маҳсулоти ширӣ, нӯшокиҳои газнок, нон бояд истисно карда шаванд. Ярмаҳо, булон, гӯшти ҷӯшонидашуда, моҳӣ, мурғ, панир, равғани маска ва печенйе истеъмол кардан мумкин аст.
Дар давоми 3 рӯз пеш аз тадқиқот «Эспумизан» бояд қабул кард (1 капсулагӣ 3 маротиба дар як рӯз).
Протседура қатъиян ба дили наҳор ё ки на пештар аз 6 соат баъд аз қабули ғизо гузаронида мешавад. 3 соат то тадқиқот қабули моеъи дилхоҳ, тамокукашӣ ва сақич бояд худдорӣ намуд.
3 соат то тадқиқот 3 ҳаби препарати «Но-шпа» 40 мг бояд нӯшида шавад. Ҳангоми таҳаммулнопазирӣ ба «Но-шпа» 2 ҳаби препарати «Дюспаталин» ё ки «Бускопан» қабул карда шавад.
Пеш тадқиқот масонаро бояд холӣ кард.
Аъзоҳои тоси хурд
Масона
ТОР-и масонаро баъд аз аз 5–7 рӯз баъд аз систоскопия гузаронидан мумкин аст.
3 рӯз то тадқиқот аз ратсион сабзавот, меваҳо, маҳсулоти ширӣ, нӯшокиҳои газнок, нон бояд истисно карда шаванд. Ярмаҳо, булон, гӯшти ҷӯшонидашуда, моҳӣ, мурғ, панир, равғани маска ва печенйе истеъмол кардан мумкин аст.
Дар давоми 3 рӯз пеш аз тадқиқот «Эспумизан» қабул кардан лозим (1 капсулагӣ 3 маротиба дар як рӯз).
Қабули охирони ғизо бояд 2-3 соат то тадқиқот бояд баргузор гардад.
3 соат то тадқиқот 3 ҳаби препарати «Но-шпа» 40 мг бояд нӯшида шавад. Ҳангоми таҳаммулнопазирӣ ба «Но-шпа» 2 ҳаби препарати «Дюспаталин» ё ки «Бускопан» қабул карда шавад.
1 соат қабл аз тадқиқот 400-500 мл оби газноккарданашудаи нӯшокӣ нӯшед. Пешоб накунед.
Ғадуди простата
Гузаронидани протседура танҳо баъд аз 1,5 моҳ баъд аз биопсияи пунксионӣ имконпазир аст, пеш аз ин муҳлат — бо мувофиқа бо духтури табобаткунанда.
3 рӯз то тадқиқот аз ратсион сабзавот, меваҳо, маҳсулоти ширӣ, нӯшокиҳои газнок, нон бояд истисно карда шаванд. Ярмаҳо, булон, гӯшти ҷӯшонидашуда, моҳӣ, мурғ, панир, равғани маска ва печенйе истеъмол кардан мумкин аст.
Дар давоми 3 рӯз пеш аз тадқиқот «Эспумизан» қабул кардан лозим (1 капсулагӣ 3 маротиба дар як рӯз).
Қабули охирони ғизо бояд 2–3 соат то тадқиқот бояд баргузор гардад.
3 соат то тадқиқот 3 ҳаби препарати «Но-шпа» 40 мг бояд нӯшида шавад. Ҳангоми таҳаммулнопазирӣ ба «Но-шпа» 2 ҳаби препарати «Дюспаталин» ё ки «Бускопан» қабул карда шавад.
Пеш тадқиқот масонаро бояд холӣ кард.
Бачадон ва тухмдонҳо
Гузаронидани тадқиқот танҳо баъд аз 1,5 моҳ баъд аз тароши ташхисии холигии бачадон ва роҳи сервикалӣ имконпазир аст, пеш аз ин муҳлат — бо мувофиқа бо духтури табобаткунанда.
Дар рӯзҳои 7-12 давраи ҳайзбинӣ, қатъиян баъд аз ҳайзбинӣ иҷро карда мешавад. Ҳангоми зарурият тадқииқотро дар марҳилаи дуюми давр гузаронидан мумкин аст.
Рӯдаи рост
Протседура баъд аз аз 5–7 рӯз баъд аз колоноскопия гузаронида мешавад.
3 рӯз то тадқиқот аз ратсион сабзавот, меваҳо, маҳсулоти ширӣ, нӯшокиҳои газнок, нон бояд истисно карда шаванд. Ярмаҳо, булон, гӯшти ҷӯшонидашуда, моҳӣ, мурғ, панир, равғани маска ва печенйе истеъмол кардан мумкин аст.
Дар давоми 3 рӯз пеш аз тадқиқот бояд «Эспумизан» қабул кард (1 капсулагӣ 3 маротиба дар як рӯз).
Қабули охирони ғизо бояд 2–3 соат то тадқиқот бояд баргузор гардад.
3 соат то тадқиқот 3 ҳаби препарати «Но-шпа» 40 мг бояд нӯшида шавад. Ҳангоми таҳаммулнопазирӣ ба «Но-шпа» 2 ҳаби препарати «Дюспаталин» ё ки «Бускопан» қабул карда шавад.
Пеш тадқиқот масонаро бояд холӣ кард.
Омодакунии рӯда:
- бегоҳӣ дар арафаи тадқиқот микроклизмаҳои эҳтиётиро истифода баред («Микролакс»);
- ҳангоми мавҷудияти колостома бегоҳӣ дар арафаи тадқиқот клизмаҳои тозакунандаро истифода бурдан лозиим аст: нӯги клизмаро ба стома ворид карда, клизмаи тозакунандаро то пайдо шудани оби тоза иҷро кунед. Баъд аз анҷоми протседура нӯгро ба маъқаб ворид карда, клизмаи тозакунанда то пайдо шудани оби тоза иҷро кунед;
- бо худ бавлияқабулкунандаи ивазшаванда дошта бошед.