Омодагӣ ба тадқиқоти РЗП
Қоидаҳои умумӣ
10–14 рӯз пеш аз гирифтани маводи биологӣ қабули препаратҳои доруворӣ ва протедураҳои табобатиро бояд қатъ кард.
Хунро ба дили наҳор бояд супорид.
Пешобро (порси аввалинро) пагоҳӣ баъд аз хоб ҷамъ мекунанд. Маводи биологиро ба озмоишгоҳ худи ҳамон рӯз дар давоми 2–3 соат бояд дастрас кард.
Намуна: дар давоми 24 соат пеш аз тадқиқот гузаронидани таҳорат, терапияи доҳили маҳбал (шамъҳо, тампонҳо) нашояд, аз воситаҳои антисептикӣ (аз он ҷумла, мирамистин) истифода набаред, алоқаи ҷинсиро истисно кунед.
Намуна барои мардон: пеш аз тадқиқот аз пешобкунӣ дар давоми 2–3 соат худдорӣ кунед.
Намуна барои занон: мавод дар вақти ҳайзбинӣ гирифта намешавад.
Намуна барои ҳомиладорон:
- дар муҳлати то 21 ҳафта, агар таҳдиди қатъшавии ҳомиладорӣ набошад — маводи биологӣ барои тадқиқотро ҳамшираи шафқат дар шӯъбаи озмоишгоҳӣ мегирад;
- дар муҳлати 22–30 ҳафта, агар таҳдиди қатъшавии ҳомиладорӣ набошад — маводи биологӣ барои тадқиқотро духтури гинеколог дар шӯъбаи озмоишгоҳӣ мегирад (сабти номи пешакӣ талаб карда шуданаш мумкин, иттилоотро пешакӣ аз маъмур бояд саҳеҳ кард). Инчунин тадқиқоти маводи биологии ба шӯъба овардашуда низ имконпазир аст;
- аз ҳафтаи 31-уми ҳомиладорӣ ва баъдтар, инчунин дар ҳолати қатъи ҳомиладорӣ — танҳо маводи биологии ба шӯъба овардашуда қабул карда мешавад;
- ҳангоми таҳдиди қатъи ҳомиладорӣ дар муҳлати дилхоҳ — танҳо тадқиқоти маводи биологии ба шӯъба овардашуда қабул карда мешавад.
Тадқиқоти алоҳида
Гирифтани мавод ба сӯзок
Қоидаҳои умумии омодакуниро пайгирӣ кунед. 3-4 соат то тадқиқот аз пешобкунӣ худдорӣ кунед. Дар арафаи тадқиқот шустани аъзоҳои ҷинсӣ манх карда мешавад.
Аз занон мавод пеш аз ҳайзбинӣ ё ки баъд аз 1-2 баъд аз анҷоми он гирифта мешавад.
Гемофилус инфлюенса, Нейссерия менингитидис, Стрептококкуси пневмония
Гирифтани намуна аз ҳалқум ба дили наҳор ё ки баъд аз 3 соат баъд аз хӯрок гузаронида мешавад. Инчунин 3 соат қабл тоза кардани дандонҳо, чайқонидани даҳон бо об, нӯшидан мумкин нест. Таҳлил то оғози антибиотикотерапия ё ки на пештар аз 14 рӯз баъд аз аз анҷоми он гузаронида мешавад.
Шигелла ва Е. coli-и энтероинвазивӣ, Салмонелла, Кампилобактерияҳо
Бавла бояд то оғози қабули антибиотикҳо ва препаратҳои химиотерапевтикӣ супорида шавад. Агар ин имконнопазир бошад, он гоҳ на пештар аз 12 сооат баъд аз анҷоми қабули препарат.