Омодагӣ ба тадқиқоти нутфа ва луоби сервикалӣ
Тадқиқоти нутфа
Қоидаҳои умумӣ
- Нутфаро ба контейнери махсуси стерилӣ ҷамъ мекунанд. Истифода бурдани рифола барои ҷамъкунии нутфа манъ карда шудааст (моддаҳои ҳангоми истеҳсоли рифола истифода бурда мешуда, ба ҳаракатнокии сперматозоидҳо таъсир мекунанд).
- Пеш аз тадқиқот аз 2 то 7 рӯз худдории ҷинсӣ зарур аст (оптималӣ 3-4 рӯз). Дар ин давра истеъмоли машрубот, препаратҳои доруворӣ, ташриф ба ҳаммом ё ки сауна, таҳти таъсири УВЧ будан, аз ҳад зиёд сард шудан мумкин нест. Ҳангоми тадқиқоти такрорӣ аз рӯи имконият, нигоҳ доштани давраҳои якхелаи худдорӣ барои баҳодиҳии дурусти натиҷаҳои гирифташуда дар динамика хуб аст. Пагоҳӣ баъд аз хоб пешоб кунед, шустушӯи бодиққати шикофии берунаи роҳи пешобро бо оби гарм ва собун иҷро кунед.
- Ҷамъкунии маводи биологиро бо роҳи мастурбатсия, бе расидан ба девораҳои контейнер ба амал бароред. Барои тадқиқот ҳамаи ҳаҷми нутфаи ҷудошударо ҷамъ кунед.
- Ҷамъкунии нутфа ба тадқиқоти «Спермограмма» ва санҷиши MAR дар ҳуҷраи ҷамъкунии нутфа дар шӯъбаҳои озмоишгоҳӣ гузаронида мешавад.
- Тадқиқоти нутфа ва тарашшуҳоти простатаро дар як рӯз гузаронидан манъ карда шудааст. Фосила байни тадқиқотҳо бояд на камтар аз 2 рӯзро ташкил диҳад (дар ин вақт худдории ҷинсӣ ҳатмист).
Ҷудокунии нутфа (бо муайянкунии ҳассосӣ ба антибиотикҳо)
Нутфа барои таҳлил то гузаронида шудани курси антибиотикҳо ё ки баъд аз 2-3 ҳафтаи он ҷамъ карда мешавад. Нутфа баъд аз худдории ҷинсӣ на камтар аз 48 соат, вале на бештар аз 7 рӯз супорида мешавад. Пеш аз супоридани таҳлил аз қабули машрубот худдорӣ бояд кард. Маводи биологиро бо роҳи мастурбатсия ба контейнери стерилӣ ҷамъ кардан лозим аст. Нутфаро ба шӯъбаи озмоишгоҳии «Гемотест» дар давоми 3 соат баъд аз ҷамъкунӣ дастрас кунед. Ҳамлу нақли маводи биологӣ дар ҳарорати +2 +8℃ дар ҳолати амудӣ ба амал бароварда мешавад.
Спермограмма, санҷиши MAR
Ба қоидаҳои омодакунӣ ва ҷамъкунии маводи биологӣ, ҳамчун барои ғункунии нутфа қатъиян риоя карда шавад. Ҷамъкунии маводи биологӣ барои спермограмма ва санҷиши MAR қатъиян дар ҳуҷраи ҷамъкунии нутфа дар шӯъбаҳои озмоишгоҳии «Гемотест» ба амал бароварда мешавад. Пеш аз супоридан машрубот, препаратҳои доругӣ қабул накунед, протседураҳои гармӣ ва сардиро истисно кунед. Пеш аз супоридани таҳлил дар ҳуҷраи стимулятсияи видеоӣ истифода бурдани гармкунии курсии автомобил манъ карда мешавад. Барои ташхиси безурётии мардона ҳангоми натиҷаҳои аз меъёр фарқдошта, баъд аз 1-2 ҳафта такроран супоридани спермограмма зарур аст.
Санҷиш ба эякулятсияи ретроградӣ
Бевосита пеш аз супоридани таҳлил масонаро на то охир холӣ кардан ва танҳо баъд аз ин бо роҳи мастурбатсия ба нутфабарорӣ расида, баъд аз он холикунии масонаро ба контейнери махсус омодакардашуда ба анҷом расонидан лозим аст. Ба шӯъбаи озмоишгоҳӣ дар рӯзи гирифтани маводи биологӣ дастрас кунед. Ҳамлу нақл дар ҳарорати хонаю
Тадқиқоти луоби сервикалӣ
Антителаҳои антиспермалӣ дар луоби сервикалӣ, ҷамъ.
Барои тадқиқот луоби сервикалии дар давраи преовуляторӣ (тақрибан мобайни давра) истифода бурда мешавад. Дар ҳолатҳои бештар рӯзҳои 11-13 давра беҳтаранд (1 рӯзи давра — ин рӯзи якуми ҳайзбинӣ аст). Дар ин рӯз зан бояд ба супоридани луоби сервикалӣ ба шӯъбаи озмоишгоҳӣ бояд биёяд. Пеш аз гузаронидани санҷиш худдорӣ аз ҳаёти ҷинсӣ дар давоми 2-3 рӯз тавсия дода мешавад.