Омодагӣ ба тадқиқоти ултрасадоӣ

Бачадон ва изофиҳо

Тадқиқот бо усули трансабдоминалӣ ҳангоми пур будани масона гузаронида мешавад То тадқиқот дар давоми 3–4 соат ва 1 соат пешоб накардан ва 1 соат то протседура нӯшидани 1 л моеъи газноккарданашуда зарур аст. Дар арафаи тадқиқот клизмаи тозакунанда кунед. Тадқиқот бо усули трансвагиналӣ ҳангоми холӣ будани масона, аз он ҷумла, барои муайянкунии ҳомиладорӣ дар муҳлатҳои аввал гузаронида мешавад.

Ғадудҳои шир

Тадқиқоти ғадуди шир аз 5 то 12 рӯз давраи ҳайзбинӣ иҷро карда мешавад. Ҳангоми патологияи музмин (дард дар ғадудҳои шир, ҷароҳат, ҷудошавиҳо аз пистонҳо) — дар рӯзи дилхоҳи давра.

Ғадуди простата

Ҳангоми ТУС бо усути трансректалӣ (усули асосӣ ҳангоми тадқиқоти ғадуди простата) пуркунии масона талаб карда намешавад. Дар арафаи тадқиқот клизмаи тозакунанда кардан зарур аст. Ҳангоми ТУС бо усули трансабдоминалӣ то тадқиқот дар давоми 2-3 соат ва 1 соат пешоб накардан ва 1 соат то протседура 1 л моеъи газноккарданашуда нӯшед.

Масона

Тадқиқоти мардон ва занон ҳангоми пур будани масона гузаронида мешавад. То тадқиқот дар давоми 2-3 соат ва 1 соат пешоб накардан ва 1 соат то протседура нӯшидани 1-1,5 л моеъи газноккарданашуда зарур аст. Ҳангоми хоҳиши пурқувват масонаро барои бартараф кардани шиддат камтар холӣ карда, барои расидан ба пурра пур шудани масона ба лаҳзаи тадқиқот камтари дигар моеъ нӯшидан лозим аст.

Аъзоҳои холигии шикам

2-3 рӯз то тадқиқот клизмаи тозакунанда ва аз ратсион маҳсулоти пурзӯркунандаи ҳосилшавии об дар рӯдаро (сабзавоти хом, шири яклухт, нони сиёҳ, донагиҳо, нӯшокиҳои газнок, маҳсулоти баландкалорияи қаннодӣ) истисно кунед.

Як рӯз то тадқиқот «Ангишти фаъолкардашуда» ё ки «Эспумизан» 2 ҳабӣ 2 маротиба дар як рӯз қабул кунед.

ТУС қатъиян ба дили наҳор гузаронида мешавад.

Агар тадқиқотро пагоҳӣ гузаронидан имконнопазир бошад, ноштои сабук 6 соат то протседура иҷозат дода мешавад (чойи ширин набуда ё ки нони сафеди хушккардашуда).

Дар рӯз тадқиқот сақич бояд истиснод карда ҳавад. Пеш аз тадқиқот тамоку накашед. Агар воситаҳои доругӣ қабул кунед, оиди ин духтури ТУС-ро огоҳ кунед.

Худи ҳамон рӯз баъд аз ТУС супоридани хун барои тадқиқоти озмоишгоҳӣ тавсия дода намешавад.

Тадқиқоти ултрасадоиро худи ҳамон рӯз баъд аз рентгенография, гастро- ва колоноскопия гузаронидан мумкин нест.

В начало страницы