Ташхиси ташкилоту корхонаҳо вобаста ба COVID-19
Рамзи таҳлили озмоишӣ:
19.154
20.154
молишак аз гулӯю даҳон
Ташхиси кормандони ташкилоту корхонаҳо вобаста ба коронавирус. РЗП-озмоиш, антителои IgG.
1 рӯз
120 – 125 сомонӣ
Нархи таҳлили озмоишӣ:
6 сомонӣ
Ҷамъоварии маводи биологӣ:
Бо мақсади ба даст овардани номгӯйи пурраи таҳлилҳои дастрас дархост гузоред.
Маълумот оид ба таҳлили озмоишӣ
Ба таҳлили озмоишӣ чӣ гуна бояд омода шуд?
Натиҷаи таҳлилро чӣ тавр дастрас кардан мумкин аст?
РЗП-озмоиш
Таҳлили озмоишӣ контагиозиро («сироятнокиро») муайян менамояд. Натиҷаи мусбӣ маънои онро дорад, ки вирус дар роҳҳои нафас дарёфт карда шуда, шахс ба дигарон хавфу хатар эҷод мекунад.

Маводи биологӣ: молишак аз гулӯю даҳон (ҷамъоварии маводи биологӣ алоҳида пардохта мешавад)

Шакли натиҷа: сифатӣ (дарёфт шуд / дарёфт нашуд).

Антителои IgG
Озмоиш муайян менамояд, ки шахс бемор аст ё бемор шуда буд.

Антителои синфи IgG дар охири ҳафтаи дуюми беморӣ пайдо шуда, пас аз сиҳатёбӣ ҳам муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад. Агар антителои IgG дар хун мавҷуд бошад, шаҳодат аз сиҳатёбӣ ё коронавирусро аз сар гузаронидан нишон медиҳад. Ҳангоми дарёфти антителои IgG тавсия дода мешавад, ки озмоиши РЗП гузаронида шуда, «сироятёбӣ» истисно карда шавад.

Маводи биологӣ: хун аз раг (ҷамъоварии маводи биологӣ алоҳида пардохта мешавад).

Шакли натиҷа: ним-миқдорӣ, бо коэффисиенти мусбат – нишондиҳандае, ки аз рӯйи он фаҳмидан мумкин аст, ки сироят коҳиш ёфта истодааст ё идома дорад.

РЗП-озмоиш, молишак

Пас аз 3 соати хӯрокхӯрӣ аз озмоиш метавонед гузаред, ҳамзамон, дар давоми ин 3 соат дандон шустан, даҳонро ғарғара кардан, нахӯрдану нӯшидан, тамоку кашидан ва сақич хоидан ҳам мумкин нест.

Озмоиши антителои IgG

Тавсия дода мешавад, ки хунро саҳар аз соати 8 то 11 наҳорӣ накарда супоред (баъди хӯрокхӯрӣ на камтар аз 8 соат бояд гузашта бошад), об нӯшидан мумкин аст. Хӯроки шоми пеш аз рӯзи таҳлили озмоишӣ бояд сабук бошад, ғизои равғанӣ нахӯред.

24 соат пеш аз таҳлили озмоишӣ машрубот нӯшидан, тамрин кардан, доруворӣ истеъмол намудан (бо духтур маслиҳат кунед) мумкин нест. 1-2 соат пеш аз таҳлили озмоишӣ аз тамокукашӣ худдорӣ намоед, асабонӣ нашавед ва худро аз ҳад монда накунед (оҳиста ба зинапоя бароед, надавед).

15 дақиқа пеш аз хунсупорӣ тавсия дода мешавад, ки дар шӯъбаи озмоишӣ нишаста, дам гиреду ором шавед.
Натиҷаи таҳлилро чӣ тавр дастрас кардан мумкин аст?
Мо натиҷаи таҳлили озмоиширо ба почтаи электрониатон мефиристем ё ин ки шумо онро худатон аз саҳифаи шахсии худ дар суроғаи: https://gemotest.ru/my/ метавонед дастрас намоед.

Якҷоя бо шакли натиҷаи ҳама гуна таҳлили озмоишӣ, ба шумо ҳуҷҷати дигаре ҳам дода мешавад – маълумотнома оид ба натиҷаи озмоиш бо QR-рамзи дахлдор, ки имкон медиҳад аслияти чунин озмоишро тасдиқ намояд. Тибқи натиҷаи таҳлили озмоишӣ маълумотнома бо ду забон пешниҳод карда мешавад: русӣ ва англисӣ. Маълумотнома дарҳол ба почтаи электрониатон фиристода мешавад.

Дархости озмоиши кормандонро вобаста ба COVID-19 ба почтаи covid19@gemotest.tj ҳам равона кардан мумкин аст.

Антитела IgG

Иқдомҳо ва пешниҳодҳо
Агар боз савол дошта бошед, ё ин ки машварати иловагӣ лозим аст, шаклро пур намуда зангро дархост кунед, мо озмоиши лозимаро барои шумо пайдо карда ба қайд мегирем.
Боз савол доред?
Сдайте анализ, чтоб узнать уровень антител после преенесённой болезни или поставленной привики. Контролийруте уровень антител, чтобы вовремя приходить на ревакцинацию