Одам витамини D-ро бо ду роҳ мегирад: аз ғизо ва ҳангоми ба пӯст расидани афканишоти ултрабунафш. Витамини D ба солимии устухону мушак муҳим аст - он ба калсий ва фосфор, «масолеҳи сохтмонии» организми одам ёрӣ мерасонад, дар рӯдаи борик ҷаббида мешавад.
Витамини D барои фаъолияти дурусти системаи масуният лозим буда, аз сирояти шадиди респираторӣ, аз ҷумла коронавирус муҳофизат мекунад. Аксари беморони (қариб 82%) ба бемории COVID-19 гирифторшуда норасоии витамини D доштанд. Тахмин карда мешавад, ки сатҳи кофияи витамини D дар марҳилаҳои нахуст ҷиҳати муқовимат ба рушди сироят кӯмак расонида, дар марҳилаҳои баъдӣ бошад бемориро сабук мегардонад, эҳтимолияти боду нуқсони бемориро коҳиш медиҳад ва пас аз беморӣ зуҳуроти синдроми постковидиро сабук месозад.
Сатҳи витамини D вобаста ба синну сол (дар пиронсолон эҳтимоли коҳиши сатҳи он бештар мушоҳида карда мешавад), мавсим (дар охири тобистон баландтар, дар зимистон пасттар), истеъмоли ғизои дахлдор, қавмият ва аҳолии ҷуғрофи муайян метавонад фарқ кунад. Ҳангоми ҳомиладорӣ коҳиши витамини D дар таркиби хун мушоҳида карда мешавад.
Сатҳи витамини D-ро озмоиш намуда, фаҳмед, ки оё ба организматон манбаи муҳофизат аз эпидемияи мавсимӣ, нигоҳдошти қувваи ҳаётӣ ва тақвияти саломатии устухону мушакҳои одам кифоя боқӣ мондааст.